Сокини Фархор бо миқдори зиёди нашъа дастгир гардид

Кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯии Раёсати мубориза алайҳи мухаддирот дар гӯшаву канори кишвар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистонро бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи нашъа боздошт кардаанд.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар қочоқи мухаддирот аз ҷониби кормандони РМГММ (УБНОН) рӯзи 18 феврал сокини 48-солаи Фархор дастгир шуд, менависад сомонаи ВКД ҶТ.

"Сокини 48-солаи ноҳияи Фархор Нурулло Алиев бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир гардид. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 30 килою 50 грамм маводи нашъаовари навъи "бангдона" дарёфт ва мусодира карда шуд",-омадааст дар иттилои сарчашма.

Мухаддирот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти ду шаҳрванди ҶТ бо 30 кг афюн дар Ӯзбакистон

Ҳамзамон, аснои баргузории як чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯии дигар дар ҳудуди ноҳияи Рӯшони ВМКБ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Валади Муборакқадам   аз ҷониби кормандони милитсия бо 250 грамм маводи сахттаъсири "ҳероин" дастгир гардид.

Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала