Амали террористӣ дар Кобул – кушташудаҳо низ ҳастанд

© REUTERS / Mohammad IsmailАмали террористӣ дар Кобул. 26 феврали соли 2015
Амали террористӣ дар Кобул. 26 феврали соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Ҳадафи ҳамлаи террорист, ба эътиқоди маъмурони пулис, мошини намояндагии дипломатии хориҷӣ буд, шахсияти кушташудаҳо ва иттилоъи дигар дар бораи онҳо ироа нашудаанд.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Террористи маргхоҳ худро дар наздикии сафоратхонаи Эрон дар пойтахти Афғонистон мунфаҷир кард, ду нафар кушта шуданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилоъи пулиси Кобул, террорист қасд дошт мошини намояндагии дипломатии Туркияро мунфаҷир созад.

"Зимни ҳамлаи террористи маргхоҳ ба мошини туркӣ ду нафар кушта шуданд", — омадааст дар хабари Ассошиэйтед Пресс бо истинод ба пулис.

Қаблан маъмурони интизомӣ аз кушта шудани як нафар ва захмӣ шудани нафари дуввум хабар дода буданд. Миллати кушташудагон ва эҳтимоли маснубияти онҳо ба дипломатҳои хориҷӣ шарҳ нашудааст.

Ба иттилоъи хабаргузории Рейтер, шиддати инфиҷор дар маҳаллаи сафоратхонаҳои хориҷӣ дар пойтахти Афғонистон эҳсос шуда дар бештаре аз сохтмонҳо шишаи тирезаҳо ба ларзиш даромаданд. Сафоратхонаи Бритониё дар Афғонистон дар робита ба ин ҳодиса баёнияи амниятӣ пахш ва ба кормандонаш аз вуқӯъи инфиҷор дар шаҳр хабар дод.

Сафоратхонаи Туркия дар маҳаллаи сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар маркази Кобул, дар наздикии сафоратхонаи Эрон воқеъ аст, зикр мекунад хабаргузорӣ.

Дар поёни соли гузашта нерӯҳои мусаллаҳи НАТО ва ИМА маъмурияти низомии худ барои мусоидат ба субот дар Афғонистонро анҷом доданд. Қаблан мақомоти баландпояи эътилоф хабар дода буданд, ки ҳамакнун бар ҷои Нерӯҳои байналмиллалии мусоидат ба субот дар Афғонистон (ISAF), ки теъдоди ниҳоии онҳо 139 ҳазор нафар буд, аз авоили соли 2015 дар кишвар ҳудуди 12 ҳазор нафар низомиён ҷойгузин мешаванд. Соли гузашта дар Афғонистон дар пайи аъмоли террористӣ теъдоди бештари мардум кушта шуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала