Толибон масъулияти инфиҷор дар Кобулро бар ӯҳда гирифтанд

© REUTERS / Mohammad IsmailАмали террористӣ дар Кобул 26 феврали соли 2015
Амали террористӣ дар Кобул 26 феврали соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи инфиҷор, ки рӯзи панҷшанбе дар наздикии сафоратхонаи Эрон рух дод, ду нафар кушта ва як нафари дигар захмӣ шуданд. Ба навиштаи расонаҳо, дар миёни кушташудагон сарбози туркӣ ва шаҳрванди Афғонистон будаанд.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. "Толибон" масъулияти инфиҷор дар назди сафоратхонаи Эрон дар Кобулро бар ӯҳда гирифтааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабари намояндаи ин ҷунбиш, ки ин мавзӯъро дар сафҳаи худ дар Twitter изҳор доштааст.

Инфиҷор рӯзи панҷшанбе дар наздики сафоратхона рух дода дар пайи он ду нафар кушта ва як нафари дигар захмӣ шуданд. Ба иттилоъи расонаҳо, дар миёни кушташудагон сарбози туркӣ ва як шаҳрванди Афғонистон буданд.

Муовини вазири ВКД Афғонистон генерал Аюб Солангӣ изҳор дошт, ки ҳадафи террористи маргхоҳ мошини дипломатии туркӣ будааст.

Ҷунбиши "Толибон" иброз доштааст, ки "ҳадафи ин ҳамла корвони нерӯҳои мусаллаҳии ИМА буд, на сафоратхона ё атбоъи кишвари дигаре", хабар медиҳад NBC News бо истинод ба хабар дар сойти иҷтимоӣ.

Дар поёни соли гузашта нерӯҳои мусаллаҳи НАТО ва ИМА расман маъмурияти низомии худ барои мусоидат ба субот дар Афғонистонро анҷом доданд.

Амали террористӣ дар Кобул. 26 феврали соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Амали террористӣ дар Кобул – кушташудаҳо низ ҳастанд

Қаблан мақомоти баландпояи эътилоф хабар дода буданд, ки ҳамакнун бар ҷои Нерӯҳои байналмиллалии мусоидат ба субот дар Афғонистон (ISAF), ки теъдоди ниҳоии онҳо 139 ҳазор нафар буд, аз авоили соли 2015 дар кишвар ҳудуди 12 ҳазор нафар низомиён ҷойгузин мешаванд. Соли гузашта дар Афғонистон дар пайи аъмоли террористӣ теъдоди бештари мардум кушта шуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала