Идораи ҷосусии ИМА хатари сойберии Русияро “хеле ҷиддӣ” унвон кард

© AP / J. Scott ApplewhiteРоҳбари Хадамоти миллии ҷосусии Амрико Ҷеймс Клэппер. Акс аз бойгонӣ
Роҳбари Хадамоти миллии ҷосусии Амрико Ҷеймс Клэппер. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Хадамоти миллии ҷосусии Амрико Ҷеймс Клэппер қайд кард, ки хатари таҳдиди сойберӣ (киберӣ)-и Русия, аз он чӣ ки интизор доштем зиёдтар аст, аз ин рӯ аз бахши хусусӣ дархости тақвияти чораҳои ҳифозатиро намуд.

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Таҷҳизоте, ки Русия барои истифода дар фазои сойберӣ дорад, аз қабл дида таҳдиди бештареро ба вуҷуд меорад, иброз дошт Ҷеймс Клэппер, сарвари Идораи миллии ҷосусии ИМА, менависад РИА Новости.

"Хатари таҳдиди сойберӣ (киберӣ)-и Русия, аз он чӣ ки интизор доштем зиёдтар аст",- гуфт Клэппер аснои баромадаш дар кумитаи сенати Амрико оид ба таслиҳот.

Номбурда "хатари таҳдиди сойберӣ аз Русия"-ро дар моҳи янавар фақат "воқеъӣ" ва "бавижа мураккаб" унвон карда буд. "Дар сурати пайдо шудани мушкил бо Русия бархе аз зербаноҳои муҳими ИМА зери таҳдиди ҷиддӣ мемонанд", иброз дошт Клэппер он вақт дар ҳамойиши байналмилалии амнияти сойберии ICCS дар Ню-Йорк.

Клэппэр аз бахши хусусӣ тақозои "ҳимояву ҳифозати бештар"-ро карда, даъват намуд, ки барномаҳои компютерии худро устувор нигоҳ доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала