Мақомоти Русия саволномаҳои санҷиши муҳоҷиронро бозрасӣ мекунад

Тасмими бозрасии маводи санҷишӣ, ки дар манотиқи кишвар барои санҷиши муҳоҷирон истифода мешавад дар пайи вуруди шикоёти зиёд ба вазорати кори Русия аз душвории санҷиши умумӣ барои муҳоҷирон гирифта шудааст.

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Вазорати маорифи Русия саволномаҳои санҷишотеро бозрасӣ мекунанд, ки муҳоҷирон тибқи он барои гирифтани муҷҷавиз санҷиш месупоранд ва ахиран дар ин робита зиёд шикоят кардаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маркази матбeотии ин ниҳод.

"Вазорати маориф ва илм ба далели вуруди шикоёт мабнӣ ба дарозо кашидани мӯҳлати ироъаи санади таъйиди супоридани санҷиш ва душвории санҷиши муҳоҷирон аз донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қавонини Русия бозрасии маводди санҷишиеро, ки дар манотиқи кишвар барои имтиҳон истифода мешаванд анҷом медиҳад", — омадааст дар хабар.

Аслиҳа. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Додситон: ҳар қатли ҳафтум дар вилояти Маскав кори дасти муҳоҷирон аст

Феълан танҳо панҷ маркази федералии санҷишот аз ҳаққи санҷиши муҳоҷирон бархӯрдоранд, ки дар куллияи манотиқи Русия 394 созмони шарик доранд.

Марокизи федеролӣ ва шариконаш аз саволномаҳое истифода мекунанд, ки дар 49 маркази санҷишии минтақавӣ дар ФР ва 10 марказ дар хориҷи кишвар ва дар ниҳодҳои давлатӣ озмоиш шудаанд. Саволномаҳои марокизи минтақавӣ аз сӯйи худи минтақа ҷудогона таҳия мешаванд.

"Вазоратхона омодаи ироъаи кӯмаки наҳваӣ барои таҳияи саволномаҳо барои манотиқи Русия аст", — зикр кардааст ниҳод.

Маркази тестии муҳоҷирони корӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маркази тестии муҳоҷирон дар Тсаритсино пас аз шикояти зиёд баста шуд

Дар вазоратхона ҳамчунин ёдовар шуданд, ки барои куллияи муассисоте, ки санҷиши кулл дар қаламрави Русия анҷом медиҳанд, мӯҳлати 10 рӯза барои ироъаи санади таъйиди супоридани санҷиш муқаррар шудааст.

Тибқи қавонини ҷадиди муҳоҷирати Русия, ки аз соли нав мавриди иҷро қарор гирифтанд, ҳамакнун бар ивази иҷозаи ҷойи кор муҳоҷир муваззаф аст муҷҷавизи кор пайдо кунад. Барои дарёфти муҷҷавиз муҳоҷирро зарур аз донистани забони русӣ, асосҳои қавонин ва таърихи Русия санҷиш бисупорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала