Тағйироти кадрӣ дар соҳаи маорифи Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкЭмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ин тартиб, Абдулҳаким Розиқзода, раиси муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди президент ва Лутфия Абдулхолиқ, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди президент таъйин шудаанд.

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон, ки нимаи аввали рӯзи 27-уми феврал сурат гирифт, як қатор раҳбарони муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар ниҳодҳо иваз шуданд, хабар додааст сомонаи президент.

Ба ин тартиб, Абдулҳаким Розиқзода, раиси муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди президент ва Лутфия Абдулхолиқ, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди президент таъйин шудаанд.

Бо амри дигари президент, Идигул Қосимзода, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Сайъало Мирзоев, директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе, Алидод Расулов, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Муҳибулло Зувайдуллоев, директори муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе, Исматулло Шодиев — директори муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ назди президент таъйин шудаанд.

Ҳамчунин дар зимни ин ҷаласа Баҳром Исмоилов, директори Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар Душанбе, Ориф Табаров, директори муассисаи таълимии давлатии Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтар, Ҳабибулло Саъдуллоев, директори муассисаи давлатии Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, Фирдавс Усмонов, директори муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин гардиданд.

Ба сардории Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи президент бошад, Сайфиддин Давлатов таъйин шудааст.

Фармондеҳии Қӯшунҳои дохилиро Хуршед Муҳаммадзода, узви ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ ба уҳда гирифтааст.

Ҳамчунин Назира Ғаффорова, Заробиддин Файзуллозода ва Сулаймон Зиёев бо розигии президент муовинони раиси вилояти Суғд таъин карда шуданд.

Дар мувофиқа бо президент бошад, Ғуломқодир Бобиев, президенти Академия таҳсилоти Тоҷикистон, Ҳакимхон Валиев, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Осим Каримов — сардори раёсати маорифи вилояти Суғд таъйин шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар назди кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда вазифаҳои мушаххас гузошта, аз ҷумла таъкид намуд, ки дар мубориза бо коррупсия — ин падидаҳои нангини ҷомеа, ҳамеша фаъол бошанд.

Лентаи хабарҳо
0