Ҳолномаи Борис Немтсов

Шаби 28 феврал дар наздикии Кохи Кремл, дар маҳаллаи "Большой Москворетский мост" мухолифи сарсахти ҳукумат Борис Немтсов аз ҷониби ашхоси номаълум ба қатл расид.

Тафтишот ҳама паҳлӯҳои қазияи қатли Борис Немтсовро таҳқиқ мекунад, аз ҷумла фармоишӣ будани кушторро низ аз воқеъият дур намедонад.

Роҳбарияти Кумитаи тафтишоти Русия, ВКД ва ХФА муваззаф шудаанд, ки гурӯҳи тафтишотии муштарак созмон диҳанд ва дар зудтарин фурсат натиҷаи онро эълон намоянд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала