Яккачини ҶТ оид ба варзиши сабук миёни тимҳои ОМ яке аз пешсафон аст

© Sputnik Варзиши сабук
Варзиши сабук - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба варзиши сабук дар мусобиқоти анъанавӣ дар Тошканд ширкат карда, бо касби 72 хол миёни кишварҳои Осиёи марказӣ мақоми саввумро ишғол намуд.

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Яккачини наврасони Тоҷикистон оид ба варзиши сабук миёни дастаҳои Осиёи марказӣ ҷои сеюмро гирифт, иттилоъ дод рӯзи душанбе сойти "Sports.uz".

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба варзиши сабук дар мусобиқоти анъанавӣ дар Тошканд (байни духтарон ва писарони соли таваллудашон 1996) ширкат карда, бо касби 72 хол миёни кишварҳои Осиёи марказӣ мақоми саввумро ишғол намуд.

Дастаи ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷадвал аз Қирғизистон пештар ҷо гирифтааст, ки ахирӣ ҳамагӣ 26 имтиёз дорад.

Мақоми аввал насиби тими соҳибони майдон- Ӯзбакистон бо 209 хол ва ҷои дуввум ба Қазоқистон бо 167 имтиёз расид.

Мақоми ҷамъбастии тимҳо:

Ҷойи аввал аз Ӯзбакистон бо 209 имтиёз (40 санҷиш)

Мақоми дуввум аз дастаи Қазоқистон бо 167 хол (37 санҷиш)

Ҷои саввум аз они Тоҷикистон бо 72 имтиёз (23 санҷиш)  

 Мақоми чаҳорум аз тими Қирғизистон бо 26 хол (11 санҷиш)

Лентаи хабарҳо
0