Нозирони ИДМ: итихобот шаффоф ва демократӣ гузашт

© Sputnik / Амир ИсаевИнтихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нозирон аз СНГ ва созмони Шанхай интихоботи парлумонии 1 мартро демократӣ номиданд.

ДУШАНБЕ, 2 март — Sputnik. Нозирон аз кишварҳои СНГ ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистонро шаффоф ва демократӣ хонданд, менависад "Радиои Озодӣ".

Сергей Лебедев, раҳбари ҳайати нозирон аз кишварҳои муштаракулманофеъ (СНГ) дар нишасти хабариаш гуфт, нозирони онҳо ҷараёни овоздиҳӣ дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанберо назорат бурда, ин маъракаро ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи демократӣ дарёфтаанд.

Лебедев гуфт, албатта, талошҳои фаровони ба ҷои аъзои хонавода раъй додани як нафар мушоҳида шуд, вале масъулони интихоботӣ, ба гуфтаи ӯ, тавонистанд аз чунин мавридҳо пешгирӣ кунанд.

Нозирон аз Созмони ҳамкориҳои Шанхай  низ интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи як интихоботи демократӣ номидаанд.

Ин нозирон мегӯянд, бештари мардум зимни сӯҳбат гуфтаанд, ки барояшон дар ин маърака ҳифзи суботу амнияти Тоҷикистон муҳим аст, то ғалабаи ин ё он ҳизб.

Бино ба натиҷаҳои эълоншудаи интихоботи рӯзи 1 марти парлумони Тоҷикистон, дар ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ ҳизби ҳокими  халқии демократӣ 65 дарсад, ҳизби аграрӣ 11,8, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 7,6 фоиз  ва ҳизби сотсиалист 5,5 дарсад раъй ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд. Аммо аҳзоби наҳзати исломӣ, коммунист, сотсиал-демократ ва демократ, тибқи натоиҷи расмии эълоншуда, натавонистаанд садди 5-фоизиро убур кунанд ва ба ин тартиб, аз дарёфти курсӣ дар ҳайати ояндаи Маҷлиси намояндагон аз рӯйхати ҳизбӣ маҳрум мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0