Маросими ҷаноза ва дафни Борис Немтсов дар Маскав баргузор мешавад

Борис Немтсов – ҳамраиси ҳизби "РПР-Парнас", ки дар гузашта дар мақомҳои баланди ҳукумати Русия ифои вазифа кардааст ва сипас ба суфуфи мухолифон пайваст, шаби 28 феврал тахминан соати 23.40 дар маркази пойтахти Русия, дар чанд садметрии Кремл кушта шуд.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Маросими видоъ бо мухолиф, ҳамраиси ҳизби "РПР-Парнас" Борис Немтсов, ки шоми рӯзи шанбе дар Маскав кушта шуд, дар маркази Сахаров рӯзи сешанбе баргузор мешавад, хабар медиҳад РИА Новости.

Баъд аз маросими видоъ ҷанозаи марҳум баргузор мешавад ва сиёсатмадор дар қабристони Троекуровски Маскав дафн мешавад.

Ҳамраиси ҳизби "РПР-Парнас" Борис Немтсов, ки дар гузашта дар мақомҳои баланди ҳукумати Русия ифои вазифа кардааст ва сипас ба суфуфи мухолифон бипайваст, 28 феврал ҳудуди соати 23.40 дар маркази пойтахти Русия, дар чанд садметрии Кремл кушта шуд. Чаҳор тир ба тахтапушти Немтсов расиданд ва ӯ дар ҷойи ҳодиса ҷон дод.

Место убийства Бориса Немцова - Sputnik Тоҷикистон
Дурбини наворбардорӣ қатли Борис Немтсовро сабт кардааст

Ба иттилоъи ВКД, сиёсатмадор якҷо бо ҳамроҳаш дар хиёбони Болшой Москворетский гаштугузор мекард. Феълан, ҳамроҳаш шоҳиди аслии ин қазия мебошад. Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Таҳқиқот чанд омили ин ҷиноятро баррасӣ мекунад: қатл ба манзури тавтеъа ва ташаннуҷи вазъи сиёсӣ дар кишвар; ҳамчунин наҳваи марбут ба тундгароии мазҳабӣ баррасӣ мешавад — иттилоъе вуҷуд дорад, ки Немтсов дар робита ба мавзеъгириаш дар қиболи террори хабарнигорони маҷаллаи "Шарли Эбдо" дар Париж таҳдидҳое дарёфт кардааст. Ҳамзамон эҳтимоли рабти ин қатл бо ҳаводиси дохили Украина бозрасӣ мешавад. Рабт доштани қатли вай ба фаъолиятҳои тиҷоратии Немтсов ва хушунати хусусӣ ва авомили дигар аз эҳтимол дур нест.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала