ВАО: дар Тошканд барандаи маъруфи телевизион ба қатл расид

© Flickr \ stefan_fotosТошканд. Акс аз бойгонӣ
Тошканд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барандаи машҳури телевизион Раҳматилло Мирзоев дар манзили зисташ кушта шудааст. Ҳамчунин, дар бораи боздошти муттаҳам хабар дода мешавад.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Шаби душанбеи гузашта дар пойтахти Ӯзбакистон наттоқи маъруфи телевизион Раҳматилло Мирзоев ба қатл расидааст, менависад сойти "Kun.uz".

Ҳунарманди шоистаи Ӯзбакистон, наттоқи дараҷаи олӣ аз ҷониби ашхоси номаълум дар хонаи худаш кушта шудааст.

Худи ҳамон рӯз дар сойти "Kun.uz" хабари боздошти муттаҳам дар қатли ровӣ нашр гардид. Аммо мақомоти интизомӣ аз ифшои ному насаби гумонбар худдорӣ меварзанд.

Бисту дуюми сентябри соли 2014 Мирзоев 60 сола шуд. Ӯ барандаи барномаҳои иттилоотӣ ва маросиму ҷашнҳои давлатӣ, ки тариқи шабакаи Миллии телевизион ва радиои Ӯзбакистон пахш мешуданд, маҳсуб меёфт.

Лентаи хабарҳо
0