Ифтитоҳи пажӯҳишгоҳи ҲИМОМ дар Чин

© Flickr \ M MУрумчи. Акс аз бойгонӣ
Урумчи. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пажӯҳишгоҳи бозшудаи ҲИМОМ дар шаҳри Урумчии минтақаи худмухтори Шинҷон Уйғури Чин пойгоҳи муҳими таҳқиқотӣ дар ОМ шуда барои созмонҳои ғайридавлатии минтақа шароитро барои таҳқиқот ва табодули таҷриба фароҳам мекунад.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Пажӯҳишгоҳи осиёи миёнагии ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ (ҲИМОМ) 2 март дар шаҳри Урумчии минтақаи худмухтори Шинҷон Уйғури Чин ифтитоҳ шуд, хабар медиҳад Синхуа.

Дар назар аст, ки ин пажӯҳишгоҳ пойгоҳи муҳими таҳқиқотӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва барои таҳрики рушди иқтисоди минтақавӣ талош хоҳад кард.

"Ҳамакнун барои мақомот, намояндагони тоҷирон ва кормандони созмонҳои ғайридавлатӣ барои анҷоми таҳқиқот, таҳия ва табодули иттилоот ва таҷриба шароит фароҳам мешавад", — менависад хабаргузорӣ.

Пажӯҳишгоҳи ҲИМОМ ба ибтикори 10 кишвари узви барномаи ҲИМОМ бо шумули Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон таъсис шудааст.

Гузориш шудааст, ки пажӯҳишгоҳ дар заминаи масоили мубрами минтақавӣ мушовараи стратегӣ, пажӯҳишҳои сиёсӣ анҷом дода барои бахшҳои нақлиёт, иқтисод ва энержӣ муттахассисонро омода месозад.

Тоҷикистон ба барномаи ҲИМОМ соли 1998 пайваст. Аз соли 2001 мизони сармоягузорӣ ба бахши нақлиёт, тиҷорат ва энержӣ ба $735 миллион расид. Дар ин муддат ҳафт барномаи ҲИМОМ анҷом шуданд ва феълан дар Тоҷикистон иҷрои 11 барномаи дигар идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0