Кӯҳнаварди тоҷик дар Русия ғори ҷадидеро ошкор кард

© Предоставлено Ф. МуминовымКӯҳнаварди тоҷик Фарҳод Мӯъминов дар кӯҳҳои Адигей
Кӯҳнаварди тоҷик Фарҳод Мӯъминов дар кӯҳҳои Адигей - Sputnik Тоҷикистон
Кӯҳнаварди тоҷик мехоҳад, ки ғори ошкоркардааш ба исми вай номгузорӣ шавад.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Кӯҳнаварди саршиноси тоҷик Фарҳод Мӯъминов дар кӯҳсори Адигейи Русия ғори ҷадидеро ошкор кард ва ҷаҳонгардон онро ба исми варзишгар номгузорӣ кардаанд. Ҳамакнун ӯ қасд дорад онро расман номгузорӣ кунад, омадааст дар хабари дар сафҳаи Facebook нашршуда.

Ин ғорро Мӯъминов ба ҳангоми сафар бо ҷаҳонгардони шиносаш дар рӯзе, ки ба навиштаи худаш, хушбахтона бо рӯзи баргузории интихоботи порлумонӣ, яъне якуми март мутобиқ уфтод.

"Сипас мушшахас шуд, ки ин ғори ҷадид аст ва дар харита аз он нишоне нест. Гурӯҳи ҷаҳонгардон, ки ҳамроҳи ман буданд, тасмим гирифт, ки ин ғор бо номи ман, яъне "Фарҳод" номгузорӣ шавад", — хабар медиҳад вай.

Мӯъминов қасд дорад ин ғорро ба исми худаш номгузорӣ кунад.

Кӯҳнавард гуфт, ки аз ин ҳодиса хушҳол ва бовиқор аст.

"Мехоҳам дар Комитети ҷаҳонгардӣ ва осоишгоҳҳои ҷумҳурии Адигея ин ғорро расман ба исми худам номгузорӣ кунам", — навиштааст вай.

Кӯҳнаварди ҷавон бо фатҳи қуллаҳое, ки ба гуфтаи худаш, қаблан пойи кӯҳнаварди тоҷик нарасидааст, саршинос шудааст. Вай парчами Тоҷикистонро дар баландтарин қуллаи Аврупо — Элбрус, баландтарин қуллаи Африқо — Калиманҷаро, куллаҳои баландтарини Иттиҳоди Шӯравӣ — Коржиневский ва Ленин барафрохтааст.

© Страница Фархода Муминова в FacebookМуминов намерен назвать новую пещеру своим именем
Муминов намерен назвать новую пещеру своим именем - Sputnik Тоҷикистон
Муминов намерен назвать новую пещеру своим именем
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала