Қудратов бар асоси ҳукми нави додгоҳ 3 солу 8 моҳ дар зиндон мемонад

© Страница Ш. Кудратова в Facebook / Гузаштан ба хазинаи аксШуҳрат Қудратов
Шуҳрат Қудратов - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 3 март ҳукми зиндони Шӯҳрат Қудратовро тағйир дода, то 3 солу 8 моҳ поин овардааст.

ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 3 март ҳукми Шӯҳрат Қудратов, муовини раиси ҳизби сотсиал-демократ ва вакили зиндонии Зайд Саидовро тағйир дода, то 3 солу 8 моҳ поин овардааст, иттилоъ медиҳад "Радиои Озодӣ".

Қудратов моҳи январи соли ҷорӣ ба 9 соли маҳбас маҳкум шуда буд.

Раҳматулло Зоиров, вакили мудофеи Қудратов ба радио гуфтааст, шакли адои ҷазои ҷиноӣ аз рӯи моддаи 247, қисми 4, яъне "қаллобӣ" тағйир хӯрда, дар ивази зиндон Қудратов муваззаф шудааст, ки 86 ҳазор сомонӣ ҷарима пардозад. Аммо Зоиров афзудааст, бо наҳваи таъйини ҷарима розӣ нест ва аз болои он ба додгоҳи назоратӣ шикоят хоҳад бурд.

Инчунин, ба гуфтаи вай, ҳукми нафари таҳти ҳимояташ аз рӯи моддаи 320, яъне "пешниҳоди ришва", тағйир дода шуда, аз се як ҳиссааш кам гардидааст.

"Додгоҳ бар илова 7 моҳи дар боздоштгоҳи муваққатӣ будани Қудратовро ба эътибор гирифт ва 1 солу 8 моҳи зиндонашро бар асоси қонуни авф лағв кард",-таъкид кардааст Зойиров.

Шуҳрат Қудратов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шуҳрат Қудратов ба нуҳ соли зиндон маҳкум шуд

Шӯҳрат Қудратов, ки дар парвандаҳои пурсарусадои солҳои охир аз манфиатҳои афроде, чун раиси "Мовароуннаҳр" Ҷӯрабек Охунов, вазири собиқи умури дохила Ёқуб Салимов, вазири собиқи саноат Зайд Саидов ва аз Диловаршоҳ Қосимов, нафари муҷрим дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи "Ҷангали Тоҷик" ва шавҳари хоҳари калонии президенти Тоҷикистон, ҳимоят кардааст, 21 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир шуд.

Мақомот гуфтанд, ӯ мехост аз як муваккилаш бо номи Амиралӣ Суламаев, ки ба қаллобӣ айбдор мешуд, барои бастани парвандааш 2000 доллар гирифта, ба як додрас бидиҳад. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ин пулро ӯ бояд ба нафари ҷабрдида — раиси ширкати "Пайванд" Парвиз Бадалов — медод, то аз даъвояш алайҳи Суламаев гузарад.

Аммо Шӯҳрат Қудратов ва тарафдоронаш таъқибу боздошт ва муҳокимаи ӯро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ меноманд ва ба мавқеи фаъоли шаҳрвандиву сиёсии ӯ, аз ҷумла дар рафти ҳимоят аз вазири собиқи саноат Зайд Саидов рабт медиҳанд. Қудратов ҳамчунин аз раҳбарони ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Раҳматулло Зоиров аст.

Номзадии Қудрат дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз сӯи ҲСДТ пешниҳод шуда буд, вале КМИРТ ба далели баҳси додгоҳӣ номзадии ӯро қабул накард.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала