Сокини Ҳамадонӣ ба бародарзодаи 5-солааш дастдарозӣ кардааст

Бар пояи фарзияи масъулини мақомоти интизомӣ, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ аз вазъияти оҷизонаи кӯдаки панҷсола истифода карда, алйҳи ӯ амалиётҳои зӯроваронаи хусусияти шаҳвонидошта анҷом додааст.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 22-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ хабар дод, ки дар дастдарозӣ ба бародарзодаи 5-солааш муттаҳам мешавад, менависад сойти ВКД ҶТ.

"3-юми марти соли 2015, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд С.А., 22-сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҳаракати зӯроварии дорои хусусияи шаҳвонӣ дастгир карда шуд",- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Номбурда ҳамон рӯз, тахминан соати 13:20 дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиашон аз вазъияти оҷизонаи писари хурдсоли бародараш А.С., соли таваллудаш 2010, истифода бурда, бо роҳи зӯроварӣ нисбаташ кирдорҳои бачабозиро анҷом додааст. Дар натиҷа хурдсол аз ҷароҳати бардоштааш дар беморхона бистарӣ шудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала