Нахуствазири Тоҷикистон барои ҳалли масоили муҳоҷирон ба Маскав рафт

© Sputnik / Дмитрий АстаховҚоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ
Қоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи манбаъ, танзими масоили муҳоҷирати корӣ дар меҳвари музокирот хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз дар кори ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Русия ширкат мекунад, хабар медиҳад "Авеста" бо истинод ба маркази матбуотии раиси ҷумҳури кишвар.

Интизор меравад, ки ширкаткунадагони ҷаласаи байниҳукуматӣ масоили рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии миёни Тоҷикистон ва Русияро матраҳ кунанд.

Аз ҷумла, дар назар аст, ки масоили ҳамкориҳо дар бахши тиҷорат, иқтисод, молия, сармоягузорӣ ва энержӣ баррасӣ шаванд.

Вале, ба гуфтаи манбаъ, тавваҷӯҳи вижа ба масоили танзими муҳоҷирати корӣ ва таъмини ҳуқуқҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия қоил мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала