Душанбе дар феҳрасти беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон

© Sputnik / Амир ИсаевНамои Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Намои Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯйхати беҳтарин шаҳрҳои дунё барои зиндагиро як ширкати байналмилалӣ таҳия сохтааст. Пойтахти Тоҷикистон дар ин рӯйхат дар мақоми мобайни ҷадвал қарор гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Пойтахти Тоҷикистон ҷойгоҳи 214 дар феҳрасти 440 шаҳри беҳтарин дар соли 2015-ро касб кардааст, менависад хабаргузории "Tojnews".

Гузориши шаҳрҳои беҳтарини соли 2015-ро ширкати байналмиллалии консалтингии "Mercer" эълом кард.

Шаҳрҳои таҳқиқшуда дар ин феҳраст аз рӯйи 39 нишондод арзёбӣ шудаанд. Дар миёни онҳо фарҳанг, муҳити зист, амният, зерсохторҳо ва шароити роҳандозии тиҷорат будаанд, омадааст дар хабар бо истинод ба манбаъи cityam.com.

Тибқи натоиҷи ин ширкат, пешсафи ин феҳраст бо баландтарин мизони шароити зиндагӣ пойтахти Австрия шаҳри Вена будааст, ҷойгоҳи дуввуму севвумро Сюрихи Швейтсария ва Окленди Зеландияи Нав касб кардаанд.

Лондон ба далели ҷоддаҳои машғул ва ҳавои ифлосаш дар ҷойи 40 қарор гирифтааст.

Ба гурӯҳи 30 шаҳри беҳтарини дорои шароити зист шаҳрҳое мисли Вена (Австрия), Сюрих (Швейтсария), Окленд (Зеландияи Нав), Мюнхен (Олмон), Ванкувер (Канада), Дюсселдорф (Олмон), Франкфурт (Олмон) шомил шудаанд.

Мавзеъҳои бадтарини дорои шароити зист шаҳрҳои Ироқ дониста шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0