ВКД Тоҷикистон ироъаи ҷузъиёти қатли Умаровро дархост кард

© SputnikБинои ВКД Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКД Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳамтоёни туркии худ дархост кард, ки иттилоъи расмӣ дар бораи қатли раҳбари гурӯҳи мухолифро, ки рӯзи панҷшанбе дар яке аз маҳаллоти Истамбул рух дод, ироъа кунанд.

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. ВКД Тоҷикистон ба пулиси Истамбул дархосте ироъа карда хостааст, ки иттилоъи расмӣ дар мавриди қатли мухолиф Умаралӣ Қувватов барояшон ирсол шавад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба намояндаи маркази матбӯъотии ВКД Тоҷикистон.

Раҳбари гурӯҳи мухолифи "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов шоми рӯзи панҷшанбе дар яке аз маҳаллоти Истамбул бо зарби тир ба сараш кушта шуд.

"Субҳи имрӯз мо ба мақомоти пулиси Истамбул дархости расмӣ фиристода хоҳиш кардем, ки бароямон кушта шудани шаҳрванди Тоҷикистон Умаралӣ Қувватовро таъйид ва ҷузъиёти қатлашро ироъа кунанд", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз суханони намояндаи ин ниҳоди интизомӣ.

Стамбул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо: Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта шуд

"Гурӯҳи 24" соли 2012 баъд аз фирори мухолиф аз Тоҷикистон таъсис шуда буд. Дар ватани худ Қувватов дар ширкати "Фароз", ки аз сӯйи яке аз пайвандони раиси ҷумҳур таъсис ва ба воридоту фурӯши маводди сӯзишворӣ машғул буд, кор мекард.

Соли 2012 вай ба Маскав рафт ва баъд аз он ки Тоҷикистон истирдоди ӯро дархост кард, ба Дубай кӯчид. Дар соли 2013 дар он ҷо бо дархости мақомоти тоҷик боздошт шуд.

Вале вай ба ватан истирдод нашуд ва ба Туркия рафт ва дар он ҷо низ моҳи ноябри соли 2014 якҷо бо се нафар ҳамтоёнаш барои нақзи муқаррароти будубош боздошт шуд, вале баъд аз як ҳафта озод шуд.

Қувватов ва ҳамтоёнаш борҳо аз мақомоти Тоҷикистон шадидан интиқод ва онҳоро дар фасодкорӣ ва маҳалгароӣ муттаҳам мекарданд. Дар оғози моҳи сентябри соли 2014 онҳо сокинони Душанберо ба ҳамоиши эътирозӣ дар назди бинои порлумон дар рӯзи истиқлоли Тоҷикистон фаро хонданд, вале ин гирдиҳамоӣ баргузор нашуд.

Худи ҳамон моҳ "Гурӯҳи 24" дар Тоҷикистон аз ҷониби Додгоҳи олӣ тундгаро ва мамнуъ эълом шуд.

Лентаи хабарҳо
0