Қатли Борис Немтсов: панҷ нафар боздошт гардид, яке аз онҳо иқрор шуд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксМуттаҳамони қатли Б. Немтсов ба додгоҳи Басманний интиқол шуданд
Муттаҳамони қатли Б. Немтсов ба додгоҳи Басманний интиқол шуданд - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳ мӯҳлати боздоштшудагони қатли Борис Немтсовро то 28 апрел муқаррар кард. То ин мӯҳлат таҳқиқи ин парванда низ бояд анҷом ёбад.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Додгоҳи Москав рӯзи якшанбе ҳукми боздошти панҷ нафар дар робита ба қатли сиёсатмадор Борис Немтсовро содир кард: додгоҳ иддаъои ҷониби таҳқиқот мабнӣ бар он ки муттаҳамони ин парвандаи пурсарусадо метавонанд пинҳон шаванд ва ё ба шоҳидони ин ҳодиса таҳдид карда маводди шаъйиро нобуд созанд, мувофиқ шуд, хабар медиҳад РИА Новости.

Вакили мудофеъ Софя Рубатская ба РИА Новости хабар дод, ки аз ҳукми додгоҳ мабнӣ ба ҳабс шикоят хоҳанд бурд ва Комитети таҳқиқотии ФР зикр мекунад, ки таҳқиқи ин ҷиноят идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи шанбе аз боздошти Заур Дадаев, ки дар баталони "Север"-и ВКД Ҷумҳурии Чеченистон хидмат мекард, хабар дода шуд. Пайвандони Дадаев барои кӯмак ба вакили мудофеъ Заурбек Садаханов муроҷиат карданд ва ба гуфтаи вай, ба ӯ иҷоза надоданд, ки дар бозпурсии муваккилаш ширкат кунад ва сипас бидуни шарҳе бо ӯ қарордодро лағв карданд. Додгоҳ хабар дод, ки Дадаев дар мушорикати худ дар ин ҷиноят иқрор шудааст.

Далоили мушорикати Заур Дадаев дар қатли сиёсатмадори мухолиф Борис Немтсов кофӣ нестанд, изҳор дошт вакили мудофеъи қаблӣ Заурбек Садаханов.

"Касе матни иқрори ӯро надидааст, касе худи изҳороти Дадаевро нашунидааст. Ҳамчунин рӯшан нест, ки ин иқрор ба чӣ наҳвае ба даст омадааст. Ин нукта, ки ӯро бидуни ҳузури вакили мудофеъ бозпурсӣ кардаанд, худ нақзи қонун мебошад… Ин амр аз он гувоҳӣ медиҳад, ки расман баёноти вай аллакай қобили эътимод нестанд", — гуфт дар мусоҳиба бо шабакаи радиоии Baltkom Садаханов.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала