Бонки миллӣ: таваррум дар Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст

Дар ду моҳи аввали соли 2015 мизони таваррум дар Тоҷикистон ба иттилоъи Бонки миллӣ 0,7% шудааст. Дар соли ҷорӣ ҳукумати кишвар дар садад аст мизони таваррумро дар сатҳи 7,5% ҳифз кунад.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Мизони таваррум дар моҳҳои январ ва феврали соли 2015 ба 0,7% расид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 0,6% камтар мебошад, омадааст дар хабари сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар моҳи феврал таварруми нархҳои мавдди масрафӣ 0,1% шудааст, ки нисбати моҳи феврали соли 2014 ба 0,8% пойинтар мебошад.

Дар моҳи аввали соли ҷорӣ ин мизони маводи масрафӣ 0,6%, ки ба 0,2% бештари омори моҳи январи соли 2014 будааст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар садад аст, ки дар соли 2015 мизони таваррумро дар сатҳи 7,5% ҳифз кунад.

Дар соли 2014 мизони таваррум дар Тоҷикистон дар сатҳи 7,4% буд ва мизони пойинтарин дар соли 2013 мушоҳида шуда буд ва он 3,7%-ро ташкил медод.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала