Президент Қосим Раҳбарро аз вазифа сабукдӯш кард

© Sputnik Амир ИсаевҚосими Раҳбар. Акс аз бойгонӣ
Қосими Раҳбар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо амрҳои худ рӯзи сешанбе Қосим Раҳбарро аз мақоми вазири кишоварзӣ озод ва дар ин мақом Зокиров Муҳаммадтоҳирро таъин кард.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Қосими Раҳбар, вазири кишоварзии Тоҷикистон бо фармони президент аз вазифа барканор шудааст, менависад сомонаи расмии президент.

Ҳамакнун вазорати кишоварзиро Муҳаммадтоҳир Зокиров, ки аз ин пеш раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон буд, бар уҳда гирифтааст. Бо амри дигари раисиҷумҳур Акбар Табари Ятимзода дар курсии раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ нишаст.

Давлатбек Хайрзода ва Иброҳим Нусратзода муовинони раиси Оҷонси давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин шуданд.

10 март ҳамчунин президент Холмурод Раҳмонро аз мақоми раиси ноҳияи Қумсангир ва Аминхода Фотеҳро аз мақоми раиси ноҳияи Балҷувон озод кард.

Арабзода Нуралӣ Сайвалӣ ҳам бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" барканор шудааст.

Бино ба фармони раисиҷумҳур, ки дар сомонаи president.tj чоп шудааст, аксари барканоршудаҳо ба кори дигар мегузаранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала