Таҷовузи гурӯҳии духтари 15-сола дар Шуғнон

© Sputnik /  / Гузариш ба медиабонкБоздошт. Акс аз бойгонӣ
Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бораи таҷовузи духтари 15-сола, модари ҷабрдида ба мақомот шикоят бурдааст.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон дар таҷовузи гурӯҳӣ ба номуси сокини ноболиғи ноҳияи Шуғнон 5 нафар, аз ҷумла ду донишҷӯ ва ду хонандаи мактабро муттаҳам мекунад, омадааст дар хабари сайти ВКД ҶТ.

Ба қавли манбаъ, ба шӯъбаи пулиси ноҳияи Шуғнон зани 45-солаи ҳамин мавзеъ муроҷиат намуда, арз доштааст, ки рӯзи 9-уми марти соли равон панҷ нафар бо тариқи зӯроварӣ ба номуси духтари ноболиғи 15-солааш, ки хонандаи мактаби таҳсилоти умумӣ мебошад, таҷовуз кардаанд.

Айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад

Лентаи хабарҳо
0