Песков хабарҳо оиди рӯйхати "кушта мешудаҳо"-ро сафсата хонд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сухангӯйи раиси ҷумҳур хабари рӯзномаи “Новая газета” мабнӣ бар он, ки гӯиё дар ҳафтаи гузашта ба Владимир Путин гузориш дар бораи таҳқиқи қатли Немтсов ироа шудааст ва дар он асомии ташкилкунандаи эҳтимолии ин қатл зикр шудааст, шарҳ дод.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Сухангӯйи раиси ҷумҳурии ФР Дмитрий Песков хабарҳои мунташиршуда дар расонаҳо мабнӣ ба вуҷуди "феҳрасти нафароне, ки кушта мешаванд" ва дар он асомии сиёсатмадорон ва хабарнигорон ҳасту ин феҳраст ба раҳбари кишвар ироъа шудааст, бепоя хонд, хабар медиҳад РИА Новости.

Қаблан ба навиштаи хабаргузорӣ, "Новая газета" иддаъо дошт, ки гӯиё дар ҳафтаи гузашта ба Владимир Путин гузориш дар бораи таҳқиқи қатли Немтсов ироъа шуда ва ба иттилоъи рӯзнома, дар он исми ташкилкунандаи эҳтимолии ин қатл зикр шудааст.

Муттаҳамони қатли Б. Немтсов ба додгоҳи Басманний интиқол шуданд - Sputnik Тоҷикистон
Қатли Борис Немтсов: панҷ нафар боздошт гардид, яке аз онҳо иқрор шуд

"Ман дар бораи ҷузъиёти куллияи гузоришҳои ниҳодҳои интизомӣ ва қудратӣ иттилоъ дорам. Бале ва имкони эъломи онҳо ғайримумкин аст", — гуфт Песков рӯзи чаҳоршанбе дар мусоҳиба бо шабакаи радиоии "Эхо Москви" ва зикр кард, ки раванди таҳқиқотро бояд аз худи таҳқиқот пурсид.

Ҳамзамон Песков изофа кард, ки мавзӯъи вуҷуди "феҳрасти куштамешудагон", ки гӯиё ба он бархе аз сиёсатмадорони рус ва хабарнигорон шомиланд, бепоя аст.

"Новая газета" аз вуҷуди феҳрасте хабар дод, ки ба он ба ҷуз аз Немтсов "Алексей Венедиктов, Михаил Ходорковский ва шояд Ксения Собчак шомил ҳастанд".

Даҳуми март эълом шуд, ки Заур Дадаев, ки дар қатли Немтсов муттаҳам аст, аз баёнияи иқрори худ даст кашидааст.

Ин дар ҳолест, ки дар Шӯрои ҳуқуқи инсони ФР хабар доданд, ки ба гуфтаи Дадаев дар боздоштгоҳ нисбаташ муъомилаи хуб доранд ва дар баданаш ҷароҳатҳои зиёд намоён аст, аз 5 то 7 март (рӯзи воридоташ ба боздоштгоҳ) ба ғизо надодаанд ва иҷоза намедоданд, ки об бинӯшад, хабар медиҳад РИА Новости.

Лентаи хабарҳо
0