Шаш рӯзноманигор барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи Лоҳутӣ шуд

© Sputnik Амир ИсаевХабарнигорон дар назди театри ба номи Лоҳутӣ пас аз маросими эътои ҷойизаҳо бахшида ба "Рӯзи матбуоти тоҷик"
Хабарнигорон дар назди театри ба номи Лоҳутӣ пас аз маросими эътои ҷойизаҳо бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Ин ҷоизасупорӣ дар Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил мешавад, иттифоқ афтод.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ дар соли 2014 барои 6 нафар рӯзноманигори тоҷик тақдим шуд.

Аз ҷумла, дар бахши телевизион ба хабарнигори муассисаи давлатии телевизиони "Сафина" Нигинаи Муъмин, дар бахши радио ба хабарнигори радиои давлатии "Тоҷикистон" Абдуғаффори Убайдулло, дар бахши илмиву таълимӣ ба Масрури Абдулло ва Сироҷиддин Икромӣ ва дар бахши матбуот ба муҳаррири маҷаллаҳои "Зангӯла" ва "Чашма" Абдувоҳиди Зевар, инчунин Эркин Шукруллоев тақдим шуд.

Ин ҷоизасупорӣ дар Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил мешавад, иттифоқ афтод. 103 сол муқаддам, дар соли 1912 нахустин нашрияи тоҷикӣ ба номи "Бухорои шариф" дар Аморати Бухоро нашр шуд.

Ҷоизаи ба номи профессор Воҳид Асрорӣ, ки аз ҷониби Иттифоқи журналистон ва Факултети журналистикаи ДМТ барои донишҷӯёни фаъоли соҳаи журналистика таъсис дода шудааст, имсол насиби Рухшона Ҳакимова ва Одили Нозир гардид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала