USA Today: дар ҳайати баталони “Азов” миллатгароён меҷанганд

Хабарнигори USA Today Орен Дорелл бо сержанте мусоҳиба анҷом дод, ки худро чун Алекс муаррифӣ кард ва дар либосаш рамзи қадимии норвежӣ – болғаи Тора, ки феълан онро миллатгароҳои ҷадид истифода мекунанд.

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар баталони ихтиёрони "Азов" воқеъан афроде ҳастанд, ки худро миллатгаро меноманд ва аз бархеи онҳо сокинони маҳаллӣ шикоят мекунанд, ки онҳо муқарраротро нақз мекунанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба матлаби Орен Дорелл дар USA Today.

Худи Дорелл бар ин назар аст, ки ин баталон мавриди баҳс аст — аз як сӯ ин ниҳод барои муқобала бо ҷудоихоҳон зарур аст, вале аз сӯйи дигар он идда аз аъзои он, ки худро миллатгаро меноманд, боиси вокуниши духӯра мешаванд.

Хабарнигор бо сержанте мусоҳиба кардааст, ки худро Алекс муаррифӣ карда ва дар либосаш нишони болғаи Тора — рамзи қадимаи норвежӣ буд, ки онро феълан миллатгароҳои ҷадид истифода мекунанд.

Сержант ба Дорелл иқрор шуд, ки миллатгаро аст ва ҳудуди нисфе аз ҷонибдоронаш бо ӯ ҳамақида мебошанд. Ба гуфтаи Алекс, вай мехоҳад, ки дар Киев ҳокимияти сангине ба гунаи Олмони нозӣ (фашистӣ) бошад. Ба гуфтаи хабарнигори USA Today, Алекс қасам хӯрд, ки вақте ҷанг поён меёбад, "ҳамақидагонаш ба Киев раҳсипор мешаванд", то ҳукуматеро, ки ба эътиқодашон фасодзада аст, барканор кунанд.

Сухангӯйи "Азов" Андрей Дяченко ба Дорелл изҳор дошт, ки дар баталон теъдоди миллатгароён "на бештар аз 10-20 дарсад аст". "Ман Алексро мешиносам, вале ин ақидаи шахсиаш мебошад. Андешаҳои ӯ дар бораи "Азов" ҳеч рабте надорад", — гуфт вай.

Хабарнигори USA Today аз мавориде ёдовар мешавад, ки сокинони маҳаллӣ аз нақзи ҳуқуқҳои онҳо аз сӯйи ихтиёрони ин баталон шикоят мекарданд. Аз ҷумла, соҳиби 51-солаи мағоза Светлана қисса кард, ки тирамоҳи соли гузашта ин ихтиёрон замоне, ки ҷудоихоҳонро ҷустуҷӯ доштанд, ду писарашро боздошт ва дороиҳои вай, аз ҷумла маблағашро мусодира кардаанд.

Дяченко зимни шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки "чунин маворид рух медиҳанд, зеро ин ҷанг аст". Вай мӯътақид сохт, ки чунин далелҳо таҳқиқ мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала