Ҳалокати 5 тоҷикистонӣ дар сӯхтори Қазон

© ГУ МЧС России по РТ / Гузаштан ба хазинаи аксОташсӯзӣ дар маркази тиҷоратии "Адмирал"
Оташсӯзӣ дар маркази тиҷоратии Адмирал - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар маркази тиҷоратӣ дар пойтахти Тотористон оташсӯзӣ рух дод, ки чаҳор ҳазор метри муррабаъро фаро гирифт ва кушташудагонро низ бар ҷой гузошт.

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар пайи оташсӯзӣ дар маркази тиҷоратии мавсум ба "Адмирал" дар шаҳри Қазон панҷ нафар кушта ва беш аз 15 нафар ҷароҳат бардоштаанд, менависад РИА Новости бо истинод ба вазорати умури изтирории Тотористон ва Русия. Ба навиштаи расонаҳо, дар миёни кушташудагон ду шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки масоҳати оташсӯзии рӯзи чаҳоршанбе дар марказии тиҷоратии "Адмирал" дар хиёбони Клара Сеткинаи Қазон 4 ҳазор метри муррабаъ аст.

"Дар маҳалли ҳодиса зимни рафъи оқибати он ҷасади боз як нафари кушташуда ошкор шуд. Ҳамчунин, дар бораи муроҷиати ду шаҳрванд ба муассисоти тандурустӣ хабар расид", — гуфт сухангӯйи вазорати умури изтирории Тотористон Андрей Радигин ва изофа кард, ки қаблан вазорати тандурустии ҷумҳурӣ аз кушта шудани 4 нафар ва захмӣ гардидани 14 нафар хабар дода буд.

Дар ҳамин ҳол, шабакаи телевизионии НТВ хабар дод, ки дар миёни кушташудагон ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки "Радиои Озодӣ" гузориш дода, ки дар миёни кушташудагони оташсӯзӣ дар Қазон панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Радио таъйиди ин хабарро аз раиси созмони тоҷикони муқими Тотористон ва сухангӯйи намояндагии вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия дарёфт кардааст.

Дар гузориши "Радиои Озодӣ" ному насаби панҷ нафар кушташудагон аз оташсӯзӣ дар маркази тиҷоратии "Адмирал" дар Қазон нашр шудааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, оташсӯзӣ аз қаҳвахонае сар зад, ки дар сохтмони изофӣ воқеъ буд. Наҷотдиҳандагон бар ин назаранд, ки далели аслии оташсӯзии бузург ба аъмоли ғайриҳирфаии кормандони ин марказ бастагӣ дорад.

"Мутаассифона, кормандон сари вақт ниҳоди оташнишониро даъват накарданд ва тӯли чанд дақиқа худ талош доштанд, ки бо оташсӯзӣ муқобала кунанд. Танҳо замоне, ки фаҳмиданд мустақилона наметавонанд аз он ҷилавгирӣ кунанд, дар бораи оташсӯзӣ хабар доданд", — зикр кард сухангӯйи бахши умури изтирории Тотористон Андрей Радигин.

Ба гуфтаи вай, баъд аз ин онҳо дарҳоро боз карданд, ки ба вуруди ҳавои тоза ба маҳалли оташсӯзӣ мунҷар шуд: тамоми бино бо оташ фаро гирифта шуда, сипас ба маркази тиҷоратӣ гузашт.

Лентаи хабарҳо
0