Дарёфти силоҳу ниқоби сиёҳ дар мошини як сокини ноҳияи Рашт

Мақомоти пулиси Тоҷикистон аз мошини “Мерседес”-и сокини Рашт дар Душанбе анвои гуногуни лавозимоти ҷангиро дарёфт кардаанд.

марти соли равон, дар пайи як амалиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе Маҳмадов Н, сокини 39-солаи ноҳияи Рашт бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ дастгир шудааст, иттилоъ медиҳад сайти ВКД ҶТ.

Манбаъ мегӯяд, зимни азназаргузаронии автомашинаи шахсии дастгиршуда тамғаи «Мерседес-Бенс», 1-адад автомати тамғаи АКМ, 1-адад тирдон бо 14 дона тир, 1-адад таппончаи пневматикӣ бо балони газу 160 тир, 2-адад корд, 1-адад ғилофи таппонча ва 1-адад ниқоби рангаш сиёҳ дарёфт ва мусодира карда гардид.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Маврид ба ёдоварист, як моҳ қабл аз ин КДАМ аз боздошти узви Комиссия марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон аз ҲНИТ Ҷамолиддин Маҳмудов ба иттиҳоми нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа хабар дода буд. 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала