Теъдоди тоҷикони ҳалокшуда дар сӯхтори бозори Қазон ба 6 нафар расид

Шумораи қурбониён дар сӯхтори бузург дар фурӯшгоҳи "Адмирал"-и шаҳри Қазон, пойтахти Тотористон бештар мешавад. Наҷотдиҳандагон ҷасади ҳалокшудаҳоро аз зери вайронаҳо берун мекашанд, аммо барои шиносоӣ шудани бархе аз онҳо танҳо ташхиси махсуси тиббӣ (ДНК) кӯмак карда метавонад.

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Шумори муҳоҷирони тоҷики ҳалокшуда дар сӯхтор дар маркази тиҷоратии "Адмирал" дар шаҳри Қазон, пойтахти Тотористон, ба дастикам 6 нафар расидааст, менависад сайти намояндагии вазорати меҳнат дар ФР.

"Дар нимаи дуюми рӯз ҷасади боз ду шаҳрванди Тоҷикистонро пайдо кардаанд. Онҳо Ҳомидов Шокир Ҳомидович ва Асадулло ном фурӯшандаи атриёт дар бозори "Адмирал", ки исми хонаводагиаш ҳанӯз дақиқ нашудааст, мебошанд",- қайд мекунад манбаъ.

Қаблан,   рӯйхати 4 тоҷики ҳалокшуда дар сӯхтори бозори Қазонро дар ихтиёри расонаҳо гузошта буданд, ки онҳо  аз 18 то 44 сол доштаанд.

Сарчашма гуфт, аснои сӯхтор шаҳрвандони Тоҷикистон- Қосимҷон Аъзамхоҷаевич Тӯраеви 44-сола аз шаҳри Душанбе, Ҳикматуллои Ҳайтуллохони 23-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Эмомалӣ Раҳматуллоевич Риёеви 31-сола, аз ноҳияи Рӯдакӣ ва Алишер Азизович Давронови 19-сола ба ҳалокат расидаанд.

Фурӯшгоҳи "Адмирал", ки яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии мухтори Тотористони Русия буд, шаби 11 март ба коми оташ рафт. Бино ба гузоришҳо, сӯхтор 4 000 метри мураббаъ замини бозори "Адмирал"-ро фаро гирифта, мунҷар ба ҳалокати чандин нафар шудааст. 25 тани дигар, бовар меравад, ки зери вайронаҳои бинои бозор мондаанд ва расман нопадидшуда ба шумор мераванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала