БМТ ба нуқтаҳи хусусии табодули арз фурӯши долларро манъ кард

© Sputnik Амир ИсаевНуктаи табодули арз дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Нуктаи табодули арз дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарияти Бонки миллӣ бо баргузории нишасти хабарӣ аз иқдомоти рӯйи даст гирифта барои танзими вазъ дар бозори арз хабар дода ба шаҳрвандон машварат дод, ки пасандозҳои худро бо пули миллӣ нигаҳ доранд.

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон ба нуқтаҳои хусусии табодули арз фурӯши доллари ИМА-ро манъ карда, ин ҳақро танҳо ба бонкҳои тиҷоратӣ ва нуқтаҳои табодули арзи онҳо вогузор кард, хабар дод имрӯз муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфиён.

Чунин тасмим барои танзими вазъ дар бозори нақдии арзии Тоҷикистон гирифта шудааст.

"Аз имрӯз мо тасмим гирифтем фурӯши мустақими долларро қатъ кунем. Ҳамакнун ба фурӯши доллар танҳо бонкҳои тиҷоратӣ ва нуқоти табодули арзи марбут ба онҳо тахти назорати Бонки миллӣ барои роҳ надодани болоравии қурб сурат мегирад. Мо ба ин амр ба манзури ҷилавгирӣ аз воҳима ва таҷаммуъи афрод дар назди дари нуқоти табодули арз гирифтаем, ки ҳафтаҳои ахир мушоҳида мешуд", — гуфт Юсуфиён.

Нуқтаи мубодилаи пул дар Душанбе 4 марти соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
"Ҷаҳиш"-и бесобиқаи қурби доллар дар Тоҷикистон

Ба иттилоъи Бонки миллӣ дар Тоҷикистон то 1 марти соли 2015 1 ҳазору 533 нуқтаи табодули арз вуҷуд дорад, ки аз онҳо 775 адад марбут ба муассисоти молӣ ва боқимонда 803 адад хусусӣ мебошанд. Дар Душанбе 638 нуқтаи табодули арз фаъол аст, ки 266 адад моли муассисоти молӣ ва 372 адад хусусӣ мебошанд.

Муовини раиси БМТ хабар дод, ки ин ниҳод ҳамарӯза вобаста аз талабот ба арз аз $1,5 миллион то $3 миллион доллари нақдро ба фурӯш мебарорад.

"Мо наметавонем яку якбора долларо аз муомилот берун кунем, зеро ин амр пайёмадҳои манфие хоҳад дошт, чунки сатҳи долларкунонии иқтисоди мо хеле бузург аст. Мо наметавонем қурби долларо пешгӯӣ кунем, пешгӯии танҳои мо — субот аст, мо талош хоҳем кард, ки қурб танзим шавад", — гуфт вай.

Ба иттилоъи Бонки миллӣ таҳоҷуми арзӣ аз ҳисоби захоири тиллову арз ва амалиёти дигар сурат мегиранд. Дар поёни соли 2014 захойири арзу тиллои Тоҷикистон 2,7 миллиард сомонӣ буд ва дар поёни моҳи январ ин меъёр ба 2 миллиарду 988 миллион сомонӣ расид, вале ба 1 март ин мизон то 2 миллиарду 888 миллион сомонӣ коҳиш ёфт.

Доллари ИМА ва арзи миллии ҶТ- сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Болоравии қурби доллар нисбати сомонӣ идома дорад

Пойин рафтани қурби сомонӣ дар қиболи доллари ИМА (қурби расмии БМ) аз аввоили соли ҷорӣ 4,1% шуд, нисбати рубли русӣ 2,6%, вале нисбати евро рушди 9,1% мушоҳида шудааст.

Вале дар бозори нақдӣ қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА беш аз 10% пойин рафт, нисбати евро 4,5% коҳиш ёфта ва нисбати рубли русӣ 3,8% боло рафт.

"Мо барои нигаҳдории қурби сомонӣ талош намекунем, бояд фаҳмид, ки сиёсати расмии пазируфтаи мо — ин наҳваи "қурби танзимшаванда ва шинокунанда" аст, на сабтшуда. Ин қурбест, ки дар пайи талабот дар бозор муъайян мешавад ва Бонки миллӣ танҳо дар сурати болоравии сареъ ҳаққи мудохила дорад", — тавзеъ дод мудири бахши танзими асъор Мирзомиддин Мавлонов.

Ҷамшед Юсуфиён ҳамчунин дар мавриди наҳваи ҳифзи пасандозҳо ибрози назар кард.

"Чун бозори саҳҳом дар Тоҷикистон ҳанӯз тавсеъа наёфтааст, машварати мо ин аст, ки пасандозҳои худро бо пули миллӣ ҳифз кунед. Зеро бо харидорӣ ва ҳифзӣ арзи хориҷӣ шумо иқтисоди он кишварро ҳимоят мекунед", — гуфт вай.

Дар авоили соли ҷорӣ қурби доллари ИМА дар бозори нақдии арз дар Тоҷикистон 5,48 сомонӣ буд. 13 март қурби муттавасит дар сатҳи 6,41 сомонӣ қарор дошта тақрибан ба қурби евро расидааст, ки феълан 6,63 сомонӣ арзиш дорад. Қаблан фарқи ин ду арз беш аз 1 сомонӣ буд.

© ИнфографикаКак хранить сбережения. Инфографика
Как хранить сбережения. Инфографика - Sputnik Тоҷикистон
Как хранить сбережения. Инфографика
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала