Ду узви “Гурӯҳи 24” ба 16,5-солӣ маҳкум ба зиндон шуданд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкҶаласаи додгоҳӣ
Ҷаласаи додгоҳӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фирдавс Муҳиддинов ва Фарҳод Каримов, ки барои узвият дар созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24” айбдор мешаванд, ҳангоми ироаи сухани охирин дар додгоҳ худро бегуноҳ донистанд.

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Додгоҳи Исмоили Сомонии Душанбе 13 март Фирдавс Муҳиддинов ва Фарҳод Каримовро ба ҷурми узвият дар "Гурӯҳи 24" ва ҳифзи як акси таҳқиркунандаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар компютерашон 16.5 солӣ аз озодӣ маҳрум кард, менависад "Радиои Озодӣ".

Саҳифаи Шарофиддин Гадоев дар Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарии “Гурӯҳи 24”-ро Шарофиддин Гадоев ба ӯҳда гирифт

Додрас Ҳотам Раҷабзода ҳангоми қироати ҳукм гуфтааст, ин ду нафар бар асоси чор моддаи Кодекси ҷиноӣ муҷрим шинохта шуда, баъд аз раҳоӣ аз зиндон чаҳор сол ҳаққи раҳбариро низ нахоҳанд дошт.

Як рӯзи пеш аз ин, Аъзам Муқимзода, айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, то Фирдавс ва Фарҳодро 18-солӣ ба зиндон фиристад.​ Айбдоркунанда гуфта буд, ин ду нафар бар асоси моддаи 307, қисми 3 (даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ мутобиқи супориши ташкилоти нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ); 307 прим. 1, қисмҳои 1, 2 ва 187, қисмҳои 1, 2 айбдор мешаванд. Аммо дар парвандаи Фарҳод Каримов, яке аз ин муттаҳамон, ки дар компютераш акси таҳқиркунандаи раисиҷумҳури Тоҷикистонро ҷой додааст, моддаи 299 (тағйири иттилоот) илова шудааст.

Фирдавс Муҳиддинов ва Фарҳод Каримов, ки охирҳои соли гузашта боздошт шудаанд, рӯзи 13 март ҳангоми ироаи сухани охирини худ дар додгоҳ узвияташон дар ин созмони мамнӯъро рад карданд. Ин ду нафар гуфтанд, аз ноогоҳӣ дар баъзе аз ҳамоишҳои эътирозии "Гурӯҳи 24" дар Русия иштирок карда, аммо дар бораи фаъолият ва ҳадафҳояш чизе намедонистанд.

Фирдавс Муҳиддинов, сокини ҷамоати Қалъаи Сурхи минтақаи Рашт, гуфт, ӯ дар ҳамоиши эътирозии созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон дар Новосибирск бо даъвати Умедҷон Солиҳов, ки ҳафтаи гузашта ба 17,5 соли зиндон маҳкум шуд, роҳ ёфтааст.

"Ман фақат барои иштирок дар ин ҳамоиш худро гунаҳкор меҳисобам ва мехоҳам маро дар шароити ғайриҳабсӣ ҷазо диҳед", — таъкид кардааст Муҳиддинов.

Вход в здание суда района И. Сомони. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муттаҳам дар узвияти “Гуруҳи 24” 17.5 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Хуршед Зикиров, вакили мудофеи Фарҳод Каримов, рӯзи 12 март ҳангоми баромадаш дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфт, нафари таҳти ҳимояташ нигоҳдории як акси таҳқиркунандаи раисиҷумҳурро бар дӯш гирифта, аммо узвияташ дар "Гурӯҳи 24"-ро рад намудааст. Фарҳод Каримов сокини 20-соли ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбест ва волидонаш ҳам мегӯянд, ӯ ба ягон созмон ҳамкорӣ надошт, аммо дарёфти як акс тавассути ҳамсинфаш, ки дар Русия будааст, барои писарашон дардисарсоз шуд.

"Бачаи ман комилан саводи комили мактабӣ надорад ва танҳо то синфи 9 таҳсил карда, барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буд. Ӯ дар он ҷамъомаде, ки дар шаҳри Новосибирск доир шуд, бехабар аз он ки он чигуна ҷамъомад аст, иштирок кардааст. Ягон сухани таҳқиромез ё баромади эътирозӣ накардааст. Вақте ба Тоҷикистон омад, намедонист, ки ӯро мақомот ҳамчун узви "Гурӯҳи 24" ҷустуҷӯ дорад ва бачаи маро дар узвияти ин гурӯҳ айбдор мекунад", — гуфтааст Раҳим Низомов, падари Фирдавс.

Вай афзудааст, писарашон баъди ҳамагӣ ду рӯзи бозгашт аз Русия аз сӯи маъмурони пулис боздошт гардид. Ин ҳамоиши Новосибирск дар охирҳои моҳи август ва авоили моҳи сентябри соли 2014 тавассути созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон, ки як бахши "Гурӯҳи 24" дониста мешуд, баргузор ва дар онҳо ташкили гирдиҳамоӣ дар Душанбе баррасӣ шуда буд.

"Гурӯҳи 24", ки раҳбарияшро Умаралӣ Қувватов соҳибкори фирорӣ бар ӯҳда дошт ва шаби 5 ба 6 март дар Истамбул кушта шуд, дар моҳҳои август ва сентябри соли 2014 дар чандин шаҳри Русия, аз ҷумла дар Новосибирск, Екатеринбург, Самара, Саратов ва Маскав силсилаи гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷикро бо талаби истеъфои ҳукумати кунунии Тоҷикистон баргузор карда буд.

"Гурӯҳи 24"-ро Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев, ду соҳибкори фирорӣ, дар соли 2012 ташкил дода буданд. Ҳоло бо кушта шудани Умаралӣ Қувватов дар Истамбул, Шарофиддин Гадоев раҳбари нави ин созмони сиёсии мамнӯъ дар Тоҷикистон интихоб шудааст.

Лентаи хабарҳо
0