Тайи имсол 13 ҳазор муҳоҷир камтар ба хориҷа рафтаанд

© SputnikТерминали ҷадиди фурудгоҳи Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Терминали ҷадиди фурудгоҳи Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар маҷмӯъ, тайи ду моҳи аввали соли равон 98 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба берун аз кишвар рафтаанд. Аз ин шумора, қариб 82 ҳазор ба Федератсия Русия ва 1124 нафар ба Қазоқистон сафар кардаанд.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Тайи моҳҳои январ ва феврали соли 2015 ҳудуди 83 ҳазору 62 муҳоҷир (ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 95 ҳазору 924 нафар буд) барои кор ба хориҷ аз кишвар рафтаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи  як соли пеш 12 ҳазору 862 нафар камтар мебошад, менависад сайти Вазорати меҳнати Тоҷикистон.

Теъдоди умумии аз Тоҷикистон берун рафтагиҳо бошад, 98 ҳазору 312 нафарро ташкил медиҳад.

Тайи ду моҳи сипаригардида теъдоди мардҳое, ки ба муҳоҷират рафтаанд 72 ҳазору 36 нафар ва аз ҷумлаи занон 11 ҳазору 26 касро фаро мегирад. Дар маҷмӯъ бошад, қариб 82 ҳазор ба Федератсия Русия ва 1124 нафар ба Қазоқистон бо ҳадафҳои мухталиф сафар кардаанд.

Бар пояи иттилои сардори шӯъбаи таҳлил ва иттилооти Хадамоти муҳоҷират Саидов дар моҳҳои январ-феврали соли равон ба ҷумҳурӣ 71 ҳазору 86 нафар (соли гузашта дар ҳамин давра 55540 нафар) муҳоҷирон баргаштаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли пеш 15 ҳазору 546 нафар бештар аст.

Ба қавли Саидов, тайи ду моҳи соли 2015 барои нақзи қоидаи будубош дар Русия 396 (соли гузашта 324) муҳоҷир ихроҷ карда шудаанд, ки дар нисбати ҳамин давраи  соли гузашта 72 нафар бештар аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала