Кашфу мусодираи беш аз 47 кило нашъа дар Тоҷикистон. Тайи як шабонарӯз

Аснои баргузории чанд амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомот дар чаҳор шаҳру навоҳии мамлакат теъдоде аз қочоқчиён бо иттиҳои даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт гардиданд.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Кормандони мақомоти умури дохила рӯзи шанбе гузашта миқдори бузурги маводи нашъадорро кашфу мусодира карданд, иттилоъ медиҳад сайти ВКД ҶТ.

Ҳамин тавр, рӯзи 14 март, кормандони ШВКД дар шаҳри Панҷакент ҳангоми азназаргузаронии ҳавлии истиқоматии сокини 23-солаи ҳамин шаҳр Иззатулло Ғафуров аз дохили ду халтаи полиэтиленӣ 31 кило маводи нашъадорро дарёфт ва мусодира намуданд, ки ба навъи "афюн" мансубият доштаанд.

Нобудсозии маводи мухаддир дар Қазон - Sputnik Тоҷикистон
Кашфу мусодираи беш аз 18 кило нашъа дар ноҳияи Ҳамадонӣ

Зимни як чорабинии оперативии дигар дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд шаҳрвандон: Шералӣ Ҷалолови 31-сола, сокини н.Рӯдакӣ ва Сироҷиддин Шарифови 48-сола, сокини шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони ШВКД дар нақлиёти вилояти Суғд дастгир гардиданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи гумонбаршудагон 8 килою 841 грамм маводи нашъадори "ҳашиш" дарёфт ва мусодира карда шуд.

Хамин тариқ, дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Эмомалӣ Худойназарови 43-сола, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон  дастгир карда шуд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ кормандони оперативии ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 килою 876 грамм маводи нашъадори "ҳашиш" мусодира намуданд.

Маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Кӯлоб 64 нуқтаи фурӯши нашъа ошкор гардид

Ҳамчунин, кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД се нафар сокинони ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон: Мамадалибек Мақулшоеви 53-сола, Азаматшо Муносибшоеви 24-сола, ки қаблан бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст ва Аҳмад Лутфишоеви 23-соларо боздошт карданд. Аснои кофтукоби манзили маскунии онҳо  2 килою 297 грамм маводи нашъадори "ҳашиш" дарёфт ва мусодира карда шуд.

Дар маҷмӯъ, тайи як шабонарӯз (шанбеи 14-уми март) 47 килою 014 грамм маводи мухаддир аз ҷониби кормандони ВКД мусодира гардидааст.

Нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала