Русия нерӯҳои дарёии Шимолиро ба ҳолати омодабош даровард

© Sputnik / Андрей Бабушкин / Гузариш ба медиабонкТамриноти нерӯҳои дарёии Шимолӣ
Тамриноти нерӯҳои дарёии Шимолӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи вазири дифои ФР Сергей Шойгу, ба назорати ногаҳонӣ 38 ҳазор низомиён, 3,36 ҳазор васоили фаннии низомӣ, 41 киштӣ, 15 киштии зериобӣ, 110 ҳавопаймо ва чархболҳо фаро гирифта шуданд.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Фармондеҳи олии ФР Владимир Путин фармон дод, ки аз соати 10.00 (дшб) рӯзи душанбе нерӯҳои дарёии Шимолӣ (неруҳои баҳрӣ) ва ҷузъу томҳои ҷудогонаи минтақаи низомии Закавказе ва нерӯҳои ҳавоии чатрдор (десантӣ) ба манзури назорати ногаҳонӣ ба ҳолати омодабоши изтирорӣ қарор дода шаванд, менависад РИА Новости.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, дар ин бора вазири дифоъ Сергей Шойгу дар Маркази миллии танзими дифоъ дар Москав хабар дод.

"Ба назорати ногаҳонии омодабошӣ 38 ҳазор низомиён, 3,36 ҳазор васоили фаннии низомӣ, 41 киштӣ, 15 киштии зериобӣ, 110 ҳавопаймо ва чархболҳо фаро гирифта шуданд", — тавзеъ дод раҳбари вазорати дифоъ.

Ҳамзамон ба фармондеҳони анвои нерӯҳои мусаллаҳ, раҳбарони раёсатҳо ва ниҳодҳои вазорати дифоъ лифофаҳо бо дастурҳо супорида шуданд.

Лентаи хабарҳо
0