Қурби доллар дар ду рӯзи ахир дар Тоҷикистон ҳудуди 2% коҳиш ёфт

© Sputnik Амир ИсаевНукоти табодули асъор дар Душанбе
Нукоти табодули асъор дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Қурби доллар дар бозори нақдии асъори Тоҷикистон бо талошҳои Бонки миллӣ дар шаҳрҳои умдаи кишвар яксон шуда феълан бо қиммати якхела – 6,30 сомонӣ барои $1фурӯхта мешавад.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Арзиши бозории фурӯши доллари ИМА дар Тоҷикистон дар рӯзҳои таътилӣ 2% — аз 6,42 сомонӣ то ба 6,30 сомонӣ коҳиш ёфт, хабар медиҳад сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар ду ҳафтаи ахир суръати рушди қиммати доллари ИМА дар бозори нақдии асъори кишвар тунд шуда буд. Қиммати баландтарини таърихии як доллар — 6 сомонӣ дар аввали моҳи март буд. Ва аллакай 13 март қурби он то ба 6,42 сомонӣ дар кишвар расид ва дар бархе аз шаҳрҳо арзиши он 6,60 сомониро убур кард.

Нуқтаи мубодилаи пул дар Душанбе 4 марти соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
"Ҷаҳиш"-и бесобиқаи қурби доллар дар Тоҷикистон

Эҳтимол дорад ин амр дар пайи талошҳои Бонки миллии Тоҷикистон рух дод, ки аз 12 март тасмим гирифт тавассути нукоти шахсии мубодилаи асъор ба аҳолӣ мустақиман доллар нафурӯшад ва ин амрро тавассути танҳо бонкҳои тиҷоратӣ анҷом бидиҳад.

Муъовини аввали раиси БМТ Ҷамшед Юсуфиён дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ин тасмим ба манзури ҷилавгирӣ аз савдогарӣ дар бозори асъор ва воҳимаи бархе аз ширкаткунандагони бозор гирифта шудааст

Доллари ИМА ва арзи миллии ҶТ- сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Болоравии қурби доллар нисбати сомонӣ идома дорад

Дар натиҷа қурби доллар дар Тоҷикистон аз 15 март танзим карда шуд. Имрӯз, 16 март, дар куллияи шаҳрҳои бузурги кишвар арзиши он муъодили 6,30 сомонӣ мебошад.

Дар Бонки миллӣ хабар доданд, ки ҳамарӯза ба бозори асъор то $3 миллион рехта мешавад, то қурби доллар ҳифз карда ва аз коҳиши сареъи арзиши сомонӣ ҷилавгирӣ шавад. Бонки миллӣ дар садад нест, ки долларро ба "шинои озод" равон кунад, зеро мизони долларкунонии иқтисоди Тоҷикистон баланд аст ва болоравии қурб метавонад ба афзоиҳши мизони тавварум мунҷар шуда ва мутаносибан ба афзоиши арзиши маводд ва хадамот сабаб шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала