Зуҳуров боз раиси парлумон интихоб шуд

© Sputnik / Григорий СысоевШукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ
Шукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо пешниҳоди Абдуҳалим Ғаффоров, раисикунандаи нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон дар даъвати панҷум, ки 17 март бургузор шуд, Шукурҷон Зуҳуровро раиси парлумон интихоб гардид. Зуҳуров дар панҷ соли гузашта раиси парлумон буд.

ДУШАНБЕ, 17 мар - Sputnik. Шукурҷон Зуҳуров бо раъйи аксарияти вакилони тозаинтихоб, раиси Маҷлиси намояндагон дар даври панҷум интихоб гардид, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Абдуҳалим Ғаффоров, раисикунандаи нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон дар даъвати панҷум 17-уми март номзадии Шукурҷон Зуҳуровро ба раисӣ пешбарӣ намуд. Дар робита ба ин масъала 4 вакили дигари парлумон баромад карда, аз номзадии Зуҳуров ҳимоят карданд.

"Феълан овоздиҳии пинҳонӣ ҷараён дорад, ки дар назар аст, то 20 дақиқа давом меёбад", — гуфтааст хабарнигори оҷонсӣ.

Дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар дар даъвати панҷум  Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам иштирок мекунад.

"Вакилони интихобшуда танҳо баъди тафтиш ва нишон додани шаҳодатномаи вакилӣ ба бинои парлумон ворид шуданд", — менависад "Озодагон".

Шукурджон Зухуров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуров: ҲХДТ ягона неруи созанда аст

Тибқи як қонуни нонавишта, дар Тоҷикистон баъзе аз мансабҳо ва шохаҳои ҳокимият байни намояндагони минтақаҳои гуногун тақсим шудааст. Аз ҷумла роҳбарии парлумони кишварро аз солҳо қабл мансуби намоядагони минтақаи Рашт медонанд. Зуҳуров низ зодаи Рашт аст, ки инак бори дувум бар курсии раисии парлумон менишинад. Қабл аз Зуҳуров Сайдулло Хайруллоев, ки низ зодаи минтақаи Рашт буд, роҳбарии парлумонро бар уҳда дошт.  

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон якуми марти соли ҷорӣ баргузор шуд ва намояндаҳои шаш ҳизби сиёсӣ ба парлумон роҳ ёфтанд. Бештари курсиҳо (48) насиби ҲХДТ гардид. Ҳизбҳои аграрӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, коммунистӣ, сотсиалистиву демократӣ ҳам дар парлумони нав намоянда хоҳанд дошт, аммо танҳо Ҳизби аграрӣ, ки панҷ курсиро соҳиб шудаасӣ, дар баробари ҳизби ҳоким ҳаққи ташкили фраксияро дорад.

Бо ин ҳол, бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раъйи лозим барои вуруд ба парлумонро соҳиб нашудааст. Дар парлумони гузашта ҲНИТ-ро дар Маҷлиси намояндагон ду нафар намояндагӣ мекард.

Лентаи хабарҳо
0