Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Рақибони мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-15) маълум шуданд

© Официальный сайт ФФТМунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рақибони мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-15) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Осакаи Ҷопон маълум шуданд. Ин мусобиқаи байналмилалии таҳти унвони «Sport for Tomorrow Japan-Central Asia U-15 Football Exchange Programme», ки аз 25 то 29 март баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Рақибони мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-15) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Осакаи Ҷопон, ки он таҳти унвони «Sport for Tomorrow Japan-Central Asia U-15 Football Exchange Programme» баргузор мешавад, маълум шуданд, менависад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Қирғизистон, Туркманистон, инчунин Академияи Ассотсиатсияи футболи Ҷопон ва КФ «Токио» бозӣ мекунад.

Ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби Ӯзбакистон, Афғонистон, Эрон, Ҷопон, инчунин тими ҷопонии «Киото Санга» дохиланд.  

Футболбозони навраси тоҷик бо роҳбарии Зайниддин Раҳимов нахустин бозиашро рӯзи чоршанбеи 25 март бо дастаи наврасони«Токио» анҷом медиҳанд. Ин бозӣ соати 9.30 ба вақти маҳаллӣ (5.30 — ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад. Дар ин рӯз, инчунин футболбозони тоҷик бо ҳамсолонашон аз Академияи Ассотсиатсияи футболи Ҷопон рақобат мекунанд. Бозӣ соати 14.00 ба вақти маҳаллӣ (10.00 — ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Рӯзи 26 март мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Қирғизистон вориди рақобат хоҳад шуд. Оғози ин бозӣ — соати 5.30 ба вақти Душанбе. Бозии охирини даври гурӯҳиро мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 27 март бо дастаи Туркманистон анҷом медиҳад.Ин бозӣ соати 6.50 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала