ВАО: ҷангҷӯён пизишконро ҳангоми моякӯбии кӯдакон тирборон карданд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба пизишконе, ки дар ӯрдугоҳи гурезагони афғон ва манотиқи наздик ба он моякӯбӣ мекарданд, ду фарди мусаллаҳ ҳамла карданд. Дар ҷойи ҳодиса як маъмури пулис ва ҳамшираи шафқат кушта шуда зани дуввум дертар аз ҷароҳатҳои бардоштааш ҷон дод.

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Ду корманди гурӯҳи пизишкон, ки кӯдаконро аз фалаҷи атфол моякӯбӣ мекарданд ва маъмури пулис, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекард рӯзи душанбе дар Покистон дар пайи ҳамлаи ҷангҷӯён кушта шуданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Франс Пресс.

Ин ҳодиса дар 60 километрии шаҳри Мансеҳр дар шимолу ғарби кишвар рух дод. Ба иттилоъи хабаргузорӣ, ду фарди мусаллаҳ ба пизишкон ҳангоме ҳамла карданд, ки онҳо дар ӯрдугоҳи гурезагони афғон ва манотиқи атрофи он моякӯбӣ мекарданд. Як маъмури пулис ва ҳамшираи шафқат дар ҷойи ҳодиса кушта шуда зани дуввумӣ дертар аз ҷароҳатҳои бардоштааш ҷон дод.

Тавсеъаи иқдомот барои муқобала бо фалаҷи атфол дар Покистон ба афзоиши сареъи мавориди гирифторӣ ба ин беморӣ дар соли гузашта бастагӣ дорад: дар соли 2014 303 мавриди фалаҷи атфол ва соле пеш 93 маврид буд. Беш аз 90% мубталоиён дар манотиқи ноамн дар наздикии марз бо Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҷо маъмулан ҳамалоти ҷангҷӯёни "Ал-Қоида" ба пизишкони машғули моякӯбӣ рух медиҳанд.

Гурӯҳҳои ифротии фаъол дар кишвар бар ин назаранд, ки иқдомоти моякӯбӣ, ки аз сӯйи кормандони созмонҳои байналмиллалии пизишкӣ анҷом дода мешаванд, навъи ҳилаи душманони ислом аст, ки қасд доранд, аз афзоиши мусалмонҳо (стеразилатсия) ҷилавгирӣ кунанд. Бо дарназардошти мавзеъгирии ифротгароён бештаре аз сокинони кишвар аз моякӯбии кӯдакон аз фалаҷи атфол сарфи назар мекунанд. Дар авоили моҳи март дар вилояти Пешовар 500 волидайне боздошт шуданд, ки аз моякӯбии фарзандони худ ҷилавгирӣ мекарданд.

Соли гузашта Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои куллия атбоъи Покистон, ки қасди сафар ба хориҷаро доранд, эмкунӣ аз фалаҷи атфолро ҳатмӣ кард. Ҳарчанд дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон бар бемории фалаҷи атфол пирӯз шудаанд, ин беморӣ дар Покистон, Афғонистон ва дар Нигерия бо мизони камтар афзоиш меёбад.

Полиомиелит ё фалаҷи атфол бемории фалаҷи сутунмӯҳра- маризии сироятиест, ки низоми асабҳоро фалаҷ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0