Дар Суғд озмуни беҳтарин палав ва дастархон баргузор шуд

Дар озмуни таҳияи беҳтарин палав ва дастархони орошуда, ки барои бори нахуст дар вилояти Суғд баргузор шуд, беш аз панҷоҳ нафар ширкат карданд.

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Озмуни "Беҳтарин палав" ва "Беҳтарин дастархон", ки ба ҷашни Наврӯз бахшида шудааст, рӯзи сешанбе дар бинои Тоҷикстандарти вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон баргузор шуд, менависад хабаргузории "Авеста".

Дар ин озмун панҷ шӯъбаи Тоҷикстандарт ва дар маҷмӯъ беш аз 50 нафар ширкат карданд. Дар натиҷаи озмун ҷоиза барои беҳратин палавро кормандони ъбаи танзими фаннӣ ва стандартизатсия соҳиб шуданд, ки ҳамзамон барои таҳияи дастархони беҳтарин сарфароз шуданд.

Партовгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Хуҷанд то Наврӯз шаҳрро тозаву озода мекунад

Ҷойи дуввум насиби шӯъбаи метрология шуд ва ҷойи севвумро шӯъбаи назорати тиҷоратӣ соҳиб шуд. Ҳамаи ҷоизадорон бо тӯҳфаҳои қимматарзиш сарфароз шуданд, омадааст дар хабар.

Ба гуфтаи сухангӯйи ин ниҳод Маҳкамбой Каримов, чунин озмун барои бори нахуст баргузор шуда ва ба ибтикори намояндагии Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд сурат гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала