Зойирони соли 2015-ро ғолибони озмун либос мепӯшонанд

© Flickr / Citizen59Ҳаҷҷ. Акс аз бойгонӣ
Ҳаҷҷ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Либоси яксон бо рамзҳои миллӣ барои зойирони Тоҷикистон, ки озими Макка мешаванд, ширкате таҳия мекунад, ки шароите беҳтареро дар дархости ширкат дар озмун пешниҳод мекунад.

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Кумитаи дин, танзими расму маросими Тоҷикистон барои дӯхтани либоси яксон барои зойирон дар маросими "Ҳаҷ-2015" эълом кард, менависад хабаргузории "Авеста".

"Дар озмун ширкатҳои зирабти дохилӣ метавонанд ширкат кунанд. Анвои либос ва шароити ширкат дар озмунро ширкаткунандагон баъди ироъаи дархост метавонанд пайдо кунанд", — омадааст дар эълон.

Тасмими либоспӯшии яксони зойирон дар маросими ҳаҷҷ соли 2011 гирифта шуд.

Дар ин робита хабаргузории "Азия-Плюс" бо истинод ба корманди шӯъбаи ҳаҷҷи Комитети умури адён Абдукарим Мустафоқулов навишта буд, ки либоси яксон бад ин манзур зарур аст, ки шаҳрвандони мо дар миёни издиҳоми миллионнафарии зойирон дар либоси сафед нопадид нашаванд.

Ба ин далел либосе бо аксҳои рамзҳои Тоҷикистон дӯхта шуд. Мустафоқулов зикр карда буд, ки дар ин сурат имкон дорад ба атбоъи тоҷик, ки худро дар миёни издиҳом ногувор эҳсос мекунанд, шинохта кӯмак кардан имконпазир мешавад.

Либоси яксони зойирони тоҷик аз ду либоси ранги гулобӣ бо рамзҳои Тоҷикистон, як ҷуфт пойафзол, ҷомадон, борхалтаи дастӣ бейдҷ ва роҳнамо иборат аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала