“Истиқлол” бозиро бо “Ал-Қодсия” мусовӣ кард

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бозии даври севуми сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-ро бо “Ал-Қодсия”дар Кувайт бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Бозии даври севуми сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC байни дастаҳои "Ал-Қодсия" (барандаи феълии Ҷоми AFC) ва "Истиқлол бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт, иттилоъ медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Қаҳрамони секаратаи футболи Тоҷикистон имтиёзҳои наваро соҳиб мешавад. Пас аз пирӯзӣ бар дастаи "Ахал"-и Туркманистон, тими "Истиқлол" таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ба ин бозӣ бо тайёрии ҷиддӣ ҳозир шуда буданд. Аммо дар дақиқаи сеюми бозӣ довар Абу Лум аз Ӯрдун ба дарвозаи "Истиқлол" зарбаи ҷаримавии 11-метра таъин кард. Тӯбро Бадр Ал-Мутава, бозигари "Ал-Қодсия, аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Ба иттилоъи манбаъ, Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 36-ум ҳисобро баробар намуд. Дилшод Восиев голи дувуми "Истиқлол"-ро дар дақиқаи охири даври аввал зад.

Ҳамин тавр, нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2-1 ба фоидаи меҳмонон хотима ёфт. Дар даври дувуми бозӣ, дар дақиқаи 54-ум, Бадр Ал-Мутава ҳисобро баробар кард.

Рӯзи 18-уми март бозии дигари гурӯҳи "С" байни дастаҳои "Аҳал "-и Туркманистон ва"Эрбил"-и Ироқ бо пирӯзии мизбонон — футболбозони туркман бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи "С" тими "Ал-Қодсия" бо 7 имтиёз дар ҷойи аввал аст. "Истиқлол" бо 4 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Дастаҳои "Аҳал" ва "Эрбил" бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севуму чорум қарор доранд.

Ёдовар мешавем, "Истиқлол" дар нахустин бозиаш рӯзи 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз тими "Эрбил", қаҳрамони чаҳоркаратаи Ироқ ва финалисти Ҷоми АФК-2014, бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд.

"Истиқлол" дар даври дувуми сабқати гурӯҳӣ бар тими "Аҳал", барандаи Ҷоми Туркманистон-2014, бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд. Ин бозӣ 11-уми март дар варзишгоҳи «Ишқобод»-и пойтахти Туркманистон барпо гардида буд.

Бозиҳои даври чоруми сабқати гурӯҳи "С" рӯзи чоршанбеи 15-уми апрел байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) — «Ал-Қодсия» (Кувайт) ва «Эрбил» (Ироқ) — «Аҳал» (Туркманистон) барузор мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала