Ҳамаи чорабиниҳои варзишии Тоҷикистон бо Суруди миллӣ оғоз хоҳанд шуд

© Sputnik / Амир ИсаевБозигарони тимҳои "Равшан" ва "Истиқлол" қабл аз мусобиқа. Акс аз бойгонӣ
Бозигарони тимҳои Равшан ва Истиқлол қабл аз мусобиқа. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ифтитоҳи тамоми чорабиниҳои варзиширо бо оҳанги ифтихории Суруди миллӣ оғоз карда, раисони федератсияҳои варзишиву дигар ташкилотҳои ҷамъиятии соҳа оид ба корҳои ба анҷомрасонда маълумот манзур намоянд.

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон супориш додааст, ки минбаъд тамоми варзишгарон танҳо бо назардошти натиҷаи иштирокашон дар мусобиқаҳои Тоҷикистон ба ҳайати тими мунтахаби кишвар ворид мешаванд, иттилоъ медиҳад хабаргузории "Озодагон".

Ин тасмим дар пайи дастури ахири Аҳтам Абдуллозода, раиси ин Кумита эълон шудааст.

Ба қавли ӯ, ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати чемпионатҳои Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон аснои ифтитоҳи як маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарон президентро Сармураббии Олӣ эълон карданд

"Дар мӯҳлати то 50 рӯзи баргузории чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ масъулин бояд таклифҳои худро ба Кумита ирсол намоянд. Ҳамзамон, дар ин дастур аз масъулини соҳа тақозо мешавад, кушодашавии тамоми чорабиниҳои варзиширо бо оҳанги ифтихории Суруди миллӣ оғоз карда, ашхоси масъул доир ба мазмун ва моҳияти намуди варзиш ва корҳои ба анҷомрасонда барои рушди он дар кишвар маълумот манзур намоянд",-меафзояд манбаъ.

Дар ин фармоиш инчунин гуфта шудааст, масъулин иштирокчиёнро барои таблиғи тарзи ҳаёти солим даъват намуда, 15 рӯз пеш аз баргузории чемпионати Тоҷикистон маводи тарғиботиро вобаста ба намуди варзиш, ҷой ва макони баргузории он дар байни шаҳрвандон паҳн намоянд.

 

Лентаи хабарҳо
0