Вакили дифоъ: қатли супоришӣ – наҳваи аслӣ дар парвандаи Немтсов аст

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
“Феълан таҳқиқот бар ин назар аст, ки ин қатл супоришӣ буд, иттиҳоми ҷадид дар робита ба авомили мазҳабӣ ироъа нашудааст”, - изҳор дошт вакили дифоъи Заур Дадаев, ки ӯро таҳқиқот иҷрокунандаи қатл медонад.

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Таҳқиқот бар ин назар аст, ки омили аслии қатли сиёсатмадор Борис Немтсов — қатли супоришӣ аст на аз қасди мазҳабӣ, менависад РИА Новости бо истинод ба вакили дифоъ Иван Герасимов.

Немтсов, ки дар гузашта дар мақомҳои баланд дар ҳукумати ФР ифои вазифа кардааст ва сипас ба суфуфи мухолифон пайваст, шаби 28 феврал дар маркази Маскав кушта шуд.

"Феълан таҳқиқот бар ин назар аст, ки ин қатл супоришӣ буд, иттиҳоми ҷадид дар робита ба авомили мазҳабӣ ироъа нашудааст", — изҳор дошт вакили дифоъи Заур Дадаев, ки ӯро таҳқиқот иҷрокунандаи қатл медонад.

Алайҳи гумонбари севвум дар қатли Немтсов айб эълом шуд

Таҳқиқот чанд омили ин ҷиноятро, аз ҷумла қатли супориширо таҳқиқ мекунад. Гузориш шуда буд, ки яке аз ин омилҳо ба изи тундгароии исломӣ рабт дорад — иттилоъе вуҷуд дорад, ки Немтсов дар робита ба мавқеаш дар қиболи ҳамла ба хабаринигорони маҷаллаи Charlie Hebdo дар Париж таҳдидҳое дарёфт кардааст.

То ҳол дар робита ба қатли Немтсов панҷ нафар боздошт шудаанд — инҳо иҷрокунандаи эҳтимолии қатл Заур Дадаев ва ҳамчунин Анзор Губашев, бародараш Шадид, Ҳамзат Бахаев ва Тамерлан Эскерханов. Қаблан Дадаев дар судури ин ҷиноят иқрор шуд, вале сипас, ба гуфтаи намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, вай аз ин иқрори худ даст кашидааст.

Лентаи хабарҳо
0