Адибони тоҷик алайҳи ДИИШ шамшерри қаламро мебардоранд

© Sputnik / Амир ИсаевИттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз ҳамтоёни худ даъват кардааст, ки алайҳи тоҷикистониёни фурухташуда шамшери буррои қаламро бардоранд.

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз адибони тоҷик даъват намудааст, алайҳи тоҷикистониёни "фурӯхташуда"-е, ки тариқи наворҳо "бо чеҳраҳои чингизӣ"-яшон ба мардуми мо таҳдид мекунанд, даст ба шамшери буррои қалам зананд, менависад "Озодагон".

Ин ҳарфҳоро Иттифоқи нависандагон зимни як изҳороти худ, ки 19 март дастраси расонаҳо шуда навишта ва зикр кардааст, манзураш ҳамон тоҷикистониҳоест, ки дар сафи "Давлати исломӣ" меҷанганд.

Иттиҳодия дар изҳороташ аз солҳои пурфоҷеаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки "оҳи дил ва фарёди бефарёдраси суханваронро то ба фалак дакка занонда буд" ёдоварӣ намуда, зикр кардааст, ин фоҷеа дар осори онҳо бозтоби амиқ ёфт.

Дар изҳороти Иттифоқи нависандагон омадааст, "адибон ба ҳама падидаҳои зараровари рӯзгор, ба вижа ба хасми Ватан ва бадхоҳонаш, ба хоинони кӯрдил оштинопазиранд".

Иттифоқи нависандагон пайгирии хешро аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон баён дошта, дар айни замон аз ҳодисаҳои нангине, ки дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон имрӯзҳо пеш меоянд, изҳори нигаронию нафрат намудааст.

"Бӯи баду саргиҷкунандаи ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм, ки аз мамолики минтақа меояд, машомҳоро пурдуд ва мағзҳоро хароб месозад. Ҳамарӯза хабари қатлу куштори садҳо одамони бегуноҳ дар Афғонистону Сурия ва Ироқу Мисрро мешунавем ва ё тасвири ваҳшатбори инфиҷори бомбҳо, сар буридану зинда ба зинда дар оташ сузондани фарзандони бегуноҳро аз телевизион ё интернет мебинему ашк мерезем", — омадааст дар изҳорот.

Адибон менависанд, "оташи ғазаби ҳар қаламкаши огоҳи тоҷик ва оҳи синаи пурдарди ӯ чаро наафзояд, модоме ки дар сафи ҳамон гурӯҳҳои ифротгаро ва одамкушони террористи бадном, зодагони кишвари оромтар чун биҳиштии мо — чанд нохалафи фурӯхташудаи "бозор"-и аҷнабӣ қарор доранд."

"Ва ҳатто аз тариқи оинаи тасвир бо ҳамон чеҳраҳои чингизӣ ва хунбор ба мо, ҳамватанонашон ангушти таҳдид нишон медиҳанду мегӯянд: "Мебинед, ҳоло мо бар сари шумо чӣ рӯзгоре хоҳем овард!", — изҳор намудаанд адибони тоҷик.

Иттифоқи нависандагон аз ширкати беш аз дусад ҷавони гумроҳи тоҷик, ки дар ҷабҳаҳои доғи ҷанги Сурия даст ба қатлу куштори бародарони мусулмонашон мезананд, таассуфи хешро изҳор дошта, афзудааст.

"Бо камоли таассуф мешунавем ва аз расонаҳои тасвиргароии воситаҳои ахбор мебинем, ки аз тариқи Русия, Туркия ва марзҳои дигар кишварҳо сафҳои тозаи ҷавонони тоҷик, ҳатто баъзе бонувони тирадил ва гумроҳ вориди ҷабҳаи ҷанг мешаванд; хуни ҳамҷинсони бегуноҳашонро мерезанд ва табиист, ки онҳо ҳам дер ё зуд дар ҳамон сангарҳо ғарқ дар хун мегарданд. Суоли дардноке моро ба забон меояд: оё модари тоҷик хобу хур барои худ ҳаром карда, ба ҳамин умед фарзанд ба дунё оварду ба камол расонд?! Онҳо то чанд моҳу соли дигар аъмоли аҳримании худро давом хоҳанд дод?"- омадааст дар изҳорот.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамаи аҳли эҷодро даъват намудааст, ки барои посух гуфтан ба пурсиши дар боло зикршуда ва равшан сохтани роҳи тираву печони як идда ҷавонони гумроҳ ва хиёнатпеша даст ба шамшери буррои қалам зананд ва аз сухан сипар бисозанду онҳоро ба растагорӣ ва ҷабҳаи ақли солим баргардонанд.

Лентаи хабарҳо
0