Адибони тоҷик аз марги Распутин андӯҳгинанд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкВидоъ бо нависандаи рус Валентин Распутин
Видоъ бо нависандаи рус Валентин Распутин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи Абдулҳамид Самадов, Распутин охирин нависандаи рус буд, ки бо сабки классик менавишт. Ин нависанда барои тоҷикон бегона набуд.

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо изҳори андӯҳ аз марги нависандаи машҳури рус Валентин Распутин ба Иттифоқи нависандагони Русия ва Иттифоқи байналмилалии нависандагон номаи таслият ирсол доштааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Абдулҳамид Самадов, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон 19 март ба радио гуфтааст, осори ин нависандаи шинохта барои хонандагони тоҷик ошност.

"Хабари марги Валентин Распутин барои нависандагони Тоҷикистон низ андӯҳовар аст. Марг як нависандаи бузургеро, ки бо сабки классики рус менавишт ва бо осори насрии худ дар ҷаҳон шинохта шуда буд, аз миёни мо рабуд", — гуфтааст Самадов.

Абдулҳамид Самадов афзудааст, чанд асари Распутин, аз ҷумла "Зинда бошу фаромӯш накун", "Алвидоъ бо Матёра", "Пул барои Мария", "Муҳлати охирон", "Дарси фаронсавӣ" ва даҳҳо қиссаву ҳикояҳояш ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Самадов илова кардааст, Распутин як сабки хосе дошт, ки дар бораи афроди хоксор менавишт, вале ҳадафҳо ва масъалаҳои бузургро дунбол мекард.

"Бар асоси навиштаҳои Валентин Распутин дар масъалаи пок нигоҳ доштани кӯли Байкал ҳукумати Русия барномаи махсусе қабул кард, ки аз олудагии оби Байкал ҷилавгирӣ кард", — мегӯяд Самадов.

Рӯзи 19 март Валентин Распутин дар зодгоҳаш, вилояти Иркутски Русия ба хок супурда шуд. Дар маросими видоъ бо адиби шинохтаи рус ҳудуди 15 000 нафар ширкат кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0