Муфтии Тоҷикистон: дар мавриди Наврӯз ҳеч кас ҳукм накунад!

© Sputnik Амир ИсаевСаидмукаррам Абдулқодирзода. Акс аз бойгонӣ
Саидмукаррам Абдулқодирзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Абдулқодирзода гуфтааст, ҳар кишвари мусалмоннишон расму оин ва ҷашнҳои миллии худро доранд. Вай Наврӯзро иди покӣ хонда, аз мардум даъват кардааст, ки тозасозиро пеша намоянд.

ДУШНАБЕ, 20 мар — Sputnik. Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз мардуми кишвар даъват намуд, ки дар мавриди иди Наврӯз аз нигоҳи дин ҳукм накунанд, навиштааст оҷонсии "Озодагон".

"Наврӯз ҷашни миллӣ аст ва ба дин ҳеч рабте надорад. Бисёр хоҳиш мекунам, ки ҳеч кас дар ин маврид ҳукм накунад. Ҳамаи кишварҳои мусалмоннишину исломӣ идҳои миллии худро доранд ва ҳеч кас дар ин бора ҳукме намекунад", гуфтааст Абдулқодирзода, зимни хутбаи намози ҷумъаи 20 март дар Масҷиди марказии Душанбе.

Раиси Шӯрои уламо Наврӯзро иди покӣ хонда, аз мардуми кишвар даъват намуд, ки дар ин ҷашн тозасозиро пеша кунанд.

Наврӯз — иди баҳор ва соли нав, ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон аст, ки таърихи беш аз 3 ҳазор сола дошта, ахиран аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҷашни ҷаҳонӣ эълон шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала