Тоҷикистон содироти нерӯи барқро 58% афзоиш дод

© Sputnik / Сергей ГунеевНерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар рӯдхонаи Вахш
Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар рӯдхонаи Вахш - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон мизони содироти нерӯи барқро дар ду моҳи аввали сол якуним маротиба афзоиш дод ва ин амр имкон дод, ки суди арзӣ 70% бештар шавад.

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Тоҷикистон содироти нерӯи барқро 58% афзоиш дода мизони онро ба 110 миллион кВт соат бирасонид, хабар медиҳад гузориши ҳармоҳаи "Назорат ва огоҳсозии сареъ дар Тоҷикистон".

Дар гузориш зикр нашудааст, ки ба кадоме аз кишварҳо ин миқдор нерӯи барқ содир шудааст, вале мусаллам аст, ки харидорони аслии нерӯи барқи тоҷик Қирғизистон ва Афғонистон мебошанд.

Музокирот бо Қирғизистон то ҳол анҷом нашудааст, вале Афғонистон ҳатто дар фасли зимистон ба миқдори андак нерӯи барқ мегирифт.

"Суд аз содироти нерӯи барқ ба хориҷи кишвар дар ду моҳи аввал $3,9 миллион шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 70% бештар мебошад", — омадааст дар хабари Ожонси омори Тоҷикистон.

Хатти баландшиддати барқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон новобаста аз лимит содироти барқро ба хориҷа идома медиҳад

Тибқи оморе, ки дар гузориш омадааст, мизони тавлидоти нерӯи барқ дар моҳи феврали соли 2015 1 миллиарду 417 миллион кВт соат ё 50,6 миллион кВт соат дар як шабонарӯз шудааст, ки нисбати моҳи январи соли 2015 5,2% бештар аст.

Мизони тавлиди нерӯи барқ дар моҳи феврали соли 2015 нисбати ҳамин давраи соли гузашта 105,6 миллион кВт соат бештар будааст. Ин амр аз ҳисоби фаъол шудани қисмати аввали маркази гармдиҳӣ ва тавлиди нерӯи барқи "Душанбе-2" ва агрегати дуввуми нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ба даст омадааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала