Дар Ӯзбекистон лавҳаи хотиравии кушташудагон дар ҶБВ тахриб шуд

© Агентство "Фергана" / Гузариш ба медиабонкТахриби муҷассама. Акс аз бойгонӣ
Тахриби муҷассама. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин муҷассама солҳои ахир дар вазъи нигаронкунанда қарор дошт. Дар остонаи таҷлил аз рӯзи Пирӯзӣ дар соли 2014 мақомот онро ба навъе “бозсозӣ” карда қисматҳои тахрибшударо бо лой ловиданд ва баъд аз ёздаҳ моҳ онро комилан барчиданд.

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Дар вилояти Тошканди Ӯзбекистон рӯзи панҷшанбе лавҳаи хотиравии бетонӣ барои гиромидошти кушташудагон дар Ҷанги Бузурги ватанӣ аз Ангрен барчида шуд, менависад хабаргузории "Фергана".

Лавҳаи хотиравӣ бо навиштаҷоти "Зинда бод сарбозони фавтидаи ангренӣ барои истиқлолияи Ватани мо" дар маркази шаҳри Ангрени вилояти Тошканд аз соли 1967 побарҷо буд.

Ба гуфтаи ҳуқуқдон ва хабарнигори ангренӣ Дмитрий Тихонов барчида шудани ин лавҳа эътирози бархе аз сокинонро ба дунбол дошт.

"Рӯзи 9 май дар ин ҷо гулдастаҳо зиёд буд. Ин гулҳоро сокинони Ангрен, ки дорои зеҳни қавии таърихӣ ҳастанд, меоварданд то хотираи сарбозони куҳанро гиромӣ ва ҳаводиси он солҳоро ёдоварӣ кунанд — зеро Ӯзбекистон низ он солҳо дар ин ҳаводис ширкат дошт, чун кишвар он замон ҷумҳурии сотсиалистии иттифоқӣ буд", — гуфт Тихонов.

Вай ҳамчунин зикр кард, ки солҳои ахир ин лавҳа дар вазъи нигаронкунанда қарор дошт. Автомати дар дасти сарбоз бударо шикастанд, ранги лавҳа парида буд, фарши мармариро шикастаанд.

Дар моҳи апрели соли 2013 ин ҳуқуқдон ба манзури ислоҳи вазъ ба шаҳрдорӣ нома ирсол кард.

"Дар остонаи таҷлили рӯзи Пирӯзии 9 майи соли 2014 мақомот ба навъе ин лавҳаро "бозсозии" карда қисматҳои тахрибшударо бо лой ловиданд. Чунин муносибат муҷиби нигаронии куҳансарбозон ва сокинони шаҳр шуд. Ва ҳамакнун баъд аз ёздаҳ моҳ лавҳаро комилан барчиданд", — қисса кард Тихонов.

Баъд аз огаҳӣ аз ин ҳодиса ҳуқуқдон ба шаҳрдорӣ омад то далели барчида шудани лавҳаро бифаҳмаду эътирози худро баён кунад. Ба вай гуфтаанд, ки лавҳа ба меъмории шаҳр муносиб набуд ва тибқи барномаи рушд ва беҳбуди шаҳр барчида шудааст.

Аз як сӯ муҷассамаҳои даврони шӯравӣ қадимӣ ҷузъан тахриб шудаанд ва барояшон умури бозсозии гаронарзиш зарур аст, вале барои ин амр маболиғ вуҷуд надорад. Аз сӯйи дигар, видоъ бо онҳо барои мақомоти Ӯзбекистони соҳибистиқлол душвор нест: замони муъосир муҷассамаҳои ҷадид ва эътиқодҳои наве дорад, ки бо таърихи шӯравӣ созгор нестанд, омадааст дар хабар.

Лентаи хабарҳо
0