WFP: дар Тоҷикистон афроди фақир истеъмоли ғизоро 11% кам карданд

© Sputnik / Игорь ЛекаркинБедность в Таджикистане
Бедность в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносони Созмони ҷаҳонии ғизои СММ бадшавии амнияти ғизоии сокинони Тоҷикистон то замони ҷамъоварии ҳосили навро пешгӯйӣ мекунанд ва машварат медиҳанд, ки таваҷҷӯҳи вижа ба манотиқи осебпазир равона шавад.

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Хонаводаҳои тоҷик, ки зери хати фақр зиндагӣ мекунанд, истеъмоли ғизоро 11% ва хонаводаҳои камбизоъат ба 5% камтар кардаанд, омадааст дар гузориши Созмони ҷаҳонии ғизои СММ.

Дар гузориши низоми назорати амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон, ки аз сӯйи СҶҒ таҳия шудааст, зикр мешавад, ки осебпазиртарин хонводаҳое ҳастанд, ки фоидаи онҳо аз таъминоти иҷтиомӣ ва ё кори ҳамарӯзаи корфармоӣ вобаста аст.

"Афзоиши теъдоди муҳоҷирони кории баргашта ва коҳиши мизони интиқолҳои пулӣ ба вазъи дороӣ ва амнияти ғизоии хонаводаҳо дар Тоҷикистон асар гузоштааст", — зикр шудааст дар санад.

Дар моҳи декабри соли 2014 интиқолҳои пулӣ манбаъи аслии суди 15% хонаводаҳо буд, ҳарчанд дар моҳи ноябри соли 2012 чунин хонаводаҳо 27% буданд.

"Таъсири коҳиши мизони иқтисоди Русияро дар фасли баҳор, замоне, ки бештари муҳоҷирони корӣ маъмулан ба Русия барои ҷустуҷӯйи ҷойи кор мераванд, эҳсос хоҳад шуд", — мутмаъинанд муаллифони гузориш.

Дар маҷмӯъ интизорӣ доранд коршиносони СММ, вазъи амнияти ғизоӣ дар миёндавра то замони оғози ҷамъоварии ҳосили зимистона дар моҳи май бадтар мешавад.

СММ машварат медиҳад, ки назорат дар моҳҳои наздик дар манотиқи осебпазири бештар — водии Рашт, навоҳии Ғончӣ ва Истаравшан, қисмати шарқии Помир ва манотиқи бештари вилояти Хатлон анҷом дода шавад.

"Ҳосили андаки гандум ва ҳосили бади картошка ба коҳиши захойири ғизои хонаводаҳо дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли гузашта мунҷар шуд. Коҳиши арзиши пули миллӣ ва қиммати баланди минтақавӣ ба ғизо ба афзоиши қиммати ғизо дар кишвар сабаб шуда ба ин тартиб дастрасии сокинон ба ғизоро коҳиш дод", — зикр мешавад дар гузориш.

Дар муқоъиса бо моҳи апрели соли 2014 бархе аз беҳбудиҳо низ ҳастанд — ҳудуди 22% хонаводаҳо бо ғизо таъмин мебошанд, вале ҳамзамон миқдори оилаҳое, ки пайваста дучори камбуди маводди ғизоӣ ҳастанд, низ афзоиш ёфтааст — 23% ва ин амр ба эътиқоди СҶҒ СММ боиси нигаронӣ дар марҳилаи байнидаврӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0