Наврӯз: таърих ва анъанаҳо

Обуна шудан
НовостиTelegram
Наврӯз таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин ҷашни миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Наврӯз ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон аст, ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ, яъне 20-ум ва ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд.

Дар бораи пайдоиши Наврӯз ривоятҳо гуногунанд, аммо маъхаз ва сарчашмаҳо оғози таҷилили онро ба Ҷамшед мансуб медонанд.

Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими асри X дар китоби худ "Ал-тафҳим" навиштааст, ки "Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағирнопазир аст" ва "чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифтӣ, агарчи пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд".

Лентаи хабарҳо
0