Януковичи хурдӣ дар Севастопол ба хок супурда шуд

Виктор Януковичи хурдӣ, писари раисҷумҳури собиқи Украина Виктор Янукович 20-уми март дар кӯли Байкал бо мошинаш зери ях рафт ва ба ҳалокат расид. Ӯро дар Севастопол ба хок супориданд

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Виктор Януновичи хурдӣ — писари Виктор Янукович, раисҷумҳури собиқи Украина, дар Севастопол 23-уми март макони охират пайдо кард, бо такя ба хабаргузориҳо менависад РИА Новости.

Ҳалокати Януковичи хурдиро "Ҳизби манотиқ"-и Украина қаблан тасдиқ карда буд. Ин ҳизб дар сайти хабарии худ навишт, ки Шӯрои сиёсӣ ба пайвандони Янукович изҳори тасаллият намудааст. Раисиҷумҳур Виктор Янукович то соли 2014 раҳбарии "Ҳизби маноиқ"-ро бар ӯҳда дошт.

Дар бораи даргузашти писари сарвари пешини Украина расонаҳо рӯзи якшанбе хабар доданд. Мошини ӯ 20-уми март дар кӯли Байкал зери ях рафт. Дар раёсати вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар Иркутск ҳодисаи дар Байкал рӯйдодаро тасдиқ карданд ва аммо гуфтанд, ки насаби қурбонии ҳодиса на Янукович, балки Давидов мебошад. Баъдан дар интернет хабаре нашр шуд, ки Януковичи хурдӣ қабл аз тарки Украина насаби модараш Людмила Давидоваро гирифтааст.

Дар ҷанозаи Януковичи хурдӣ, ки дар калисое дар Қрим барпо шуд, падараш Виктор Янукович ширкат варзид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала